Ифтитоҳи боз чор толори “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи фурӯши хусусиро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Баҳри қулайгардонии имкониятҳои муштариён боз чор толори фирмавӣ кушода шуданд. Ин ба оператор имкон медиҳад, ки ҳаррӯза якчанд ҳазор бештар муштариёнро хизматрасонӣ намояд. Толорҳои нави фирмавӣ муштариёни ширкатро дар шаҳри Бохтар, к. Ҷ.Румӣ 2 ва бозори Фаровон, инчунин дар ноҳияи Ёвон, к. А.Ҷомӣ […]

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи фурӯши хусусиро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Баҳри қулайгардонии имкониятҳои муштариён боз чор толори фирмавӣ кушода шуданд. Ин ба оператор имкон медиҳад, ки ҳаррӯза якчанд ҳазор бештар муштариёнро хизматрасонӣ намояд.

Толорҳои нави фирмавӣ муштариёни ширкатро дар шаҳри Бохтар, к. Ҷ.Румӣ 2 ва бозори Фаровон, инчунин дар ноҳияи Ёвон, к. А.Ҷомӣ ва дар қишлоқи А.Навоӣ, ҷамоати Ҳаёти нав интизор хоҳанд буд. Дар нуқтаҳои нави фурӯш метавон хизматрасонии сатҳи шаҳриро дастрас намуд: мушовирон метавонанд дилхоҳ телеком-масъалаҳоро, аз пайвастшавӣ ба шабака ва ивази SIM-корт то танзимкунии гаҷетҳои баландтехнологии мобилӣ ҳал намоянд.

“Мизоҷони мо ҳарчӣ бештар аз воситаҳои худхизматрасонӣ кор мегиранд, вале чун пешина барои бисёриҳо ҳалкунии масъалаҳои “мобилӣ” дар толорҳои фирмавӣ қулайтар аст. Сабаби асосии он сатҳи омодагии мушовирони мо дар соҳаи фурӯш ба ҳисоб меравад: онҳо на танҳо мутахассисони салоҳиятдор, балки одамоне мебошанд, ки муошират бо онҳо хеле гуворост. Ба ғайр аз ин, толорҳои мо ҳамеша дар маконҳои дастрас – назди бозорҳои марказӣ, марказҳои бузурги савдо, биноҳои аҳамиятноки маъмурӣ қарор гирифтаанд. Ҳар як нуқтаи нав ба маконе табдил меёбад, ки аз он ҳазорҳо муштариёни мо баҳри дастраскунии хизматрасонии босифат ва бардоштани эҳосоти гуворо боздид менамоянд”, – изҳор медорад директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.