Толибилмони тоҷик 2 ҷоми олимпиадаи арифметикаи зеҳниро дар Маскав бурд карданд

Дар шаҳри Маскав аввали моҳи май Олимпиадаи 5-уми ҳамасолаи байнулмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнии “Абакус-2019” баргузор шуд. Дар он беш аз 500 нафар намояндагони 10 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ин дафъа низ толибилмони Академияи арифметикаи зеҳнии “Империя знаний”-и Тоҷикистон сатҳи баландӣ омодагӣ нишон дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар доираи чорабинӣ мусобиқаи Ҷоми […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Маскав аввали моҳи май Олимпиадаи 5-уми ҳамасолаи байнулмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнии “Абакус-2019” баргузор шуд.

Дар он беш аз 500 нафар намояндагони 10 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ин дафъа низ толибилмони Академияи арифметикаи зеҳнии “Империя знаний”-и Тоҷикистон сатҳи баландӣ омодагӣ нишон дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар доираи чорабинӣ мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба арифметикаи зеҳнӣ байни мактабҳои узви Ассотсиатсияи авруосиёии ташкилотҳои арифметикаи зеҳнӣ (ЕАОМА) гузаронида шуд.

Дар он зиёда аз 400 нафар толбилмон аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти ду зинаи аввал ва ҳамчунин дигар мақомҳои ҷоизадор сазовор дониста шуданд.

Беҳтаринҳо ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил гардида, кишварро дар Thailand PAMA Global World Competition 2019 намояндагӣ хоҳанд кард.

Дастаи Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳои олимпиада ғолиб омад. Аз 61 зинаи ҷоизавӣ дастаи “Империя знаний” ба 2 ҷоизаи асосӣ – Ҷоми Олимпиада ва 15 медал соҳиб шуд. Зинаи 1-умро 5 нафар, 2-юмро – 4 кас ва 3-юмро – 6 нафар ишғол намуданд.

Дар Олимпиадаи ЕАОМА аз 18 зинаи ҷоизавӣ тоҷикистониён 8-тояшро касб карданд: ҷойи 1-ум – 3 нафар, зинаи 2-юм – 2 кас ва мақоми 3-юм – 3 нафар.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.