Тоҷикистонӣ танки чӯбӣ сохта, онро ба Путин туҳфа карданист

Зодаи Тоҷикистони муқими шаҳри Тулаи Россия Муҳаммадшариф Ҷалилов бо дастони худ танки чӯбии андозаи муқаррариро сохта, орзу дорад, ки онро дар кӯчаҳои Тула ронда, сипас ба президенти Россия Владимир Путин туҳфа кунад. Муҳаммадшариф аллакай муддати 7 сол аст, ки дар Тула кору зиндагӣ мекунад. Хонаводаи Ҷалиловҳо дар Тоҷикистон нас ба насл дуредгарони варзидаву маъруфанд, хабар […]

Зодаи Тоҷикистони муқими шаҳри Тулаи Россия Муҳаммадшариф Ҷалилов бо дастони худ танки чӯбии андозаи муқаррариро сохта, орзу дорад, ки онро дар кӯчаҳои Тула ронда, сипас ба президенти Россия Владимир Путин туҳфа кунад.

Муҳаммадшариф аллакай муддати 7 сол аст, ки дар Тула кору зиндагӣ мекунад. Хонаводаи Ҷалиловҳо дар Тоҷикистон нас ба насл дуредгарони варзидаву маъруфанд, хабар медиҳад «Тульские новости».

Барои сохтани танки андозаи муқаррарии Т-34 ӯ се соли вақту заҳмат ва барои харидории масолеҳи сохтмон ним миллион рубли худро сарф кардааст. Гуфтааст, ки аз як ширеш (клей) қариб як тонна харидааст. Дар сохтани занҷираву чархаҳо заҳмати зиёд кашидааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи усто, вақти кор ӯ аз ҳеҷ нақшаву тарҳ истифода набурда, танҳо боре ба гулгашти Могилевскии Тула барои чен кардани чархаҳои танк рафтааст.

Танк ҳаракат карда метавонад, лекин на бо чархаҳои чӯбӣ, балки бо чархаҳои ҳақиқӣ, ки дар зери танк гузошта шудааст. Барои ба ҳаракат овардани танк лозим омадааст, ки амакаш (тағояш)-ро аз вилояти Ленинград назди худ даъвт намояд, зеро дар ин кор ӯ таҷрибаи зиёд доштааст.

Айни замон танки чӯбӣ пурра сохта шуда, баъзе корҳои майда-чуйдааш боқӣ мондаасту халос. Муҳаммадшариф орзу дорад, ки таҳти танинандозии сурудҳои ҳарбӣ онро дар кӯчаҳои шаҳри Тула ронад.

“Барои ин ташкили ҳаракати бехатари танк зарур буда, усто аз дастгоҳи мақомоти ҳокимияти шаҳри Тула ва Бозрасии давлатии автомобилӣ кумак дархост намудааст”, – менависад нашрия.

Ҳамчунин устоҳо ният доштаанд, ки ҳамчун рамзи дӯстии Россия ва Тоҷикистон ин танки чӯбии Т-34-ро ба Владимир Путин туҳфа намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.