Зеленский эълом дошт, ки ҳайати парлумони амалкунандаи Украинаро пароканда месозад

Дар шаҳри Киеви Украина имрӯз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби он кишвар Владимир Зеленский баргузор шуд. Дар ҷаласаи Радаи болоӣ Зеленский савганд ёд кард ва рамзҳои давлатиро соҳиб шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Зеленский баъдан ба боғи Мариин рафт ва дар маросими муаррифии фармондеҳии неруҳои Украина ва барафрохтани парчами давлатӣ ширкат варзид. Гуфта […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Киеви Украина имрӯз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби он кишвар Владимир Зеленский баргузор шуд. Дар ҷаласаи Радаи болоӣ Зеленский савганд ёд кард ва рамзҳои давлатиро соҳиб шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Зеленский баъдан ба боғи Мариин рафт ва дар маросими муаррифии фармондеҳии неруҳои Украина ва барафрохтани парчами давлатӣ ширкат варзид.

Гуфта мешавад, дар маросими савгандёдкунӣ президентҳои панҷ кишвар – Латвия, Литва, Эстония, Гурҷистон ва Венгрия ширкат карданд. Ҳайати ИМА-ро вазири энержии он кишвар Рик Перрӣ роҳбарӣ кард. Зеленский намояндагони Русияро ба ин маросим даъват накард.

Дар ҷараёни суханрониаш дар Рада Зеленский гуфт, тасмим дорад, ҳайати порлумони амалкунандаро пароканда созад.

Петр Порошенко, президенти ҳамакнун пешини Украина дар остонаи савгандёдкунии роҳбари нав даъват кард, ки марҳилаи гузариш бидуни ошуфтагии дохилӣ пушти сар шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.