Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолнокии террористон дар интернет

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба роҳбарияти кишварҳои ИДМ барои ҳамкорӣ ва саҳми муносиб дар таҳкими амнияту суботи давлатҳои ҳамдигар изҳори сипосу миннатдорӣ […]

Asia-Plus

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба роҳбарияти кишварҳои ИДМ барои ҳамкорӣ ва саҳми муносиб дар таҳкими амнияту суботи давлатҳои ҳамдигар изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Тавре таъкид карда шуд, ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шароити ниҳоят мураккаби авзои сиёсию амниятии минтақавию байналмилалӣ баргузор мегардад ва рушду тавсеи бештари ҳамкориҳои давлатҳои аъзои иттиҳодро дар самти таъмини амнияту суботи минтақа тақозо менамояд.

Бо ёдоварӣ аз вазъи мураккаби сиёсию амниятии Афғонистон ва кишварҳои Шарқи наздик Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мутаасифона имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари қаламрави давлатҳои гуногунро фаро мегирад. Дар ҳамин замина дар сарҳади ҷанубии ИДМ мунтазам иқтидори ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ таҳким ёфта, хатари онҳо ба амнияту суботи минтақа бештар мегардад ва боиси таассуф ҳам ҳаст, ки дар баробари ин дар муносибат бо ин гуна ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ аз ҷониби кишварҳои алоҳида сиёсати «меъёрҳои дугона» истифода гардида, онҳо аз лиҳози сиёсӣ, ахлоқию идеологӣ ва муҳимтар аз ҳама ба таври моливу молиявӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Тавре Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ дар солҳои охир ба амнияту суботи давлатҳои алоҳидаи минтақа ва дар маҷмуъ ба амнияти ҷаҳонӣ таъсири номатлуб расонда, ҷомеаи башариро ба хатарҳои маргбор рӯ ба рӯ мегардонад.

Ба таъкиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзи ҷанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тӯлониро дар бар мегирад афзоишёбанда буда, барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби аср дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳамбастагию ҳамкории пайваста ва кумаку дастгирии ҳамдигарии давлатҳои ИДМ нақши калон дошта метавонад. Яъне Тоҷикистон дар хати пеши мубориза ба терроризму ҷинояткории муташаккили фаромилӣ қарор дорад ва пайваста барои пешгирии ин хатарҳои маргбор ба амнияту суботи худ ва давлатҳои минтақа тадбирҳои амалӣ меандешад.

Сарвари давлат доир ба муҳимияти тадбирҳои Тоҷикистон дар мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир сухан гуфта, таъкид дошт, ки ин тадбирҳо дар оянда низ тақвият бахшида шуда, ба терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби аср дар мамлакат муборизаи беамон бурда мешавад.

Президенти Тоҷикистон аз афзоиши амалаҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетию ҷиноятҳои киберӣ ва афзоиши хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаҳои асосии маблағгузории терроризм ба ҳисоб меравад, бори дигар изҳори нигаронӣ намуда, аз иштирокчиёни ҷаласа барои тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти муборизаи беамон дар ин самт даъват ба амал овард.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси кишаврҳои аъзои ИДМ минбаъд низ барои таҳкими иқтидору имкониятҳои зидди террористию экстремистӣ ҳамбастагию дастгирии ҳамдигариро тақвият бахшида, бо истифода аз имконоту иқтидори давлатҳои худ дар таъмини амнияту суботи минтақа ва давлатҳои қаламрави иттиҳод саҳми муносиб мегузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.