Хурсандӣ барои кӯдакон! Иди “Салом тобистон!” дар Душанбе

Date:

Санаи 1 июн дар саросари дунё Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ва тасаввури ин рӯз бе хурсандии онҳо ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки барои онҳо як чорабинии идона баргузор намояд.

Рӯзи 1 июн дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ) аз соати 10:00 то соати 15:00 шумо ва фарзандонатонро ҳунармандон интизоранд, ки барои тамоми рӯз табъатонро болида мегардонанд. Ҳунармнадони сирк малакаҳои худро ба шумо мемомӯзонанд.

Варзишгари касбӣ бо кӯдакон машғулият гузаронида, бобати ҳамеша дар ҳолати хуби ҷисмонӣ нигоҳ доштани организматон маслиҳатҳои муфид медиҳад. Ва албатта кӯдакон бо волидонашон метавонанд дар мусобиқаҳои варзишии гуногуни шавқовар иштирок кунанд.

Рассомони ҷавон дар минтақаи махсуси барои рассомӣ пешбинишуда тахайюлоти худро рӯйи коғаз оварда метавонанд. Ин ҷо ба муҳрабофӣ, аз коғаз сохтани чизҳои гуногун (аппликатсия), фейс-арт ва дигар касбҳои шавқовар низ машғул шудан имкон дорад. Доир ба кашидани нақшу нигор дар сафол низ машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Ва албатта бозиҳои дӯстдоштаи кӯдакон – бозиҳои рӯи миз, озмунҳо барои кӯдакон ва аҳли оила – ба сурати умум ҳама чизи зарурӣ барои хуш гузаронидани вақти кӯдак. Ғайр аз ин, бо обу дар об ҳам бозӣ кардан мумкин аст.

Студияи эстрадии вокалии кӯдаконаи “Ҳафтранг” бо мусиқиву таронаҳои зебои худ табъи шуморо болида медорад.

Тарабхонаи туркии “Мерве” ва меҳмонхонаи “Хилтон” ба шумо “шириниҳо”-и худро пешниҳод мекунанд. Барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳама чиз комилан бепул аст. ҶСК “Оби зулол” ташнагиатонро шикаста, ҶДММ “Эскимо Мастер” бо яхмосҳои хушмаззааш шуморо зиёфат мекунад.

Воридшавӣ барои калонсолон ба боғ ҳамагӣ 2 сомонӣ нарх дошта, чорабинӣ комилан бепул пешниҳод мегардад. Интизори шумоем!

Шарики генералии чорабинӣ оператори алоқаи мобилӣ Zet-mobile (Beeline Tajikistan) мебошад. Шарикони расмӣ: Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҷумҳурӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...