Имкони таҳияи борхати электронӣ ба ширкатҳои боркашони Тоҷикистон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётӣ (КАБ)-ро марбут ба борхати электронӣ тасдиқ намуд. Борхати электронӣ ҳуҷҷатест, ки аз маълумоти мукаммали зарурӣ дар бораи боркашонӣ иборат буда, дар ҳамлу нақли байнулмилалӣ истифода мешавад ва пайгирии интиқоли борро таъмин мекунад. Зимни суханронӣ санаи 29 май назди вакилони […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётӣ (КАБ)-ро марбут ба борхати электронӣ тасдиқ намуд.

Борхати электронӣ ҳуҷҷатест, ки аз маълумоти мукаммали зарурӣ дар бораи боркашонӣ иборат буда, дар ҳамлу нақли байнулмилалӣ истифода мешавад ва пайгирии интиқоли борро таъмин мекунад.

Зимни суханронӣ санаи 29 май назди вакилони парлумон доир ба ин масъала вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода қайд кард, ки протоколи мазкур соли 2011 мавриди амал қарор гирифта, то имрӯз 11 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон ба сафҳои он пайвастаанд.

Вазир таъкид дошт, ки роҳандозии борхати электронӣ дар боркашонии байнулмилалӣ истифодаи борхатҳои коғазиро маҳдуд намекунад. Гузаштан ба борхати электронӣ ба гуфтаи ӯ, давра ба давра амалӣ мешавад.

Худоёрзода зикр кард, ки гузаштан ба борхатҳои электронӣ вақти ба ҷойи дигар интиқол додани бор ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукиро ҳангоми гузаштани сарҳад камтар мекунад.

“Ин механизм ба камшавии вақти таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои назоратӣ мусоидат менамояд. Маълумот дар бораи борҳои интиқолмеёфта то омадани воситаи нақлиёт пешакӣ ба гузаргоҳ расида, дар муқоиса бо борхати коғазӣ намунаи электронии он гум намешавад”, – гуфт ӯ.

Бино ба гуфтаи вазир, тағйири ҳаҷми бор ҳангоми истифодаи борхати электронӣ ғайриимкон аст, ки ба ин васила он ба механизми муносиб зидди қочоқи молу маҳсулот табдил меёбад.

Шарҳ дода шуд, ки борхати электронӣ барномаи компютериест, ки аз ҷониби Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ таҳия шудааст.

“Ба кишварҳои узви Иттифоқи байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ, ки Тоҷикистон низ ба он мансуб аст, барои роҳандозии чунин механизм таъминоти барномавӣ пешниҳод мегардад”, – илова кард ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.