Парлумон лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳолати ҷангӣ»-ро қабул кард

Лоиҳаи қонуни мазкур имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон маъқул шуморида шуд. Зимни шарҳи қонун ба вакилон муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода қайд кард, ки он бо мақсади муҳайё сохтани заминаи ҳуқуқӣ барои роҳандозии чорабиниҳо оид ба ҳифзи Тоҷикистон дар замони ҷанг, пешгирӣ ва рафъи таҷовуз ё таҳдиди […]

Лоиҳаи қонуни мазкур имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон маъқул шуморида шуд.

Зимни шарҳи қонун ба вакилон муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода қайд кард, ки он бо мақсади муҳайё сохтани заминаи ҳуқуқӣ барои роҳандозии чорабиниҳо оид ба ҳифзи Тоҷикистон дар замони ҷанг, пешгирӣ ва рафъи таҷовуз ё таҳдиди таҷовуз зидди ҷумҳурӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар таҳия шудааст.

Дар лоиҳаи қонун ташкил ва баргузор намудани тадбирҳои гуногун ҳангоми ҳолати ҷангӣ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонун, ҳолати ҷангӣ дар қаламрави Тоҷикистон, минтақа ё қитъаи алоҳидаи он бо фармони президент, ки бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон маъқул дониста шавад, эълон мешавад.

Қонун ҳудуди макони амалҳои ҷангӣ, ваколатҳои раҳбарияти кишвар ва мақомоти давлатиро ҳангоми ҳолати ҷангӣ муайян мекунад.

Он ба маҳдуд кардани ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ ва дигар амалҳое, ки ба таъмини амният ва мудофиаи кишвар замони ҳолати ҷангӣ таъсири манфӣ расонида метавонанд, имкон медиҳад.

Дар вақти ҳолати ҷангӣ хариду фурӯши аслиҳа, дорувории дорои маводи психотропӣ, ҳамчунин нӯшокиҳои спиртӣ манъ мешавад.

Ба мақомоти ваколатдор ҷиҳати назорати алоқа, нашрияҳои чопӣ, роҳандозии сензура дар воситаҳои ахбори умум салоҳият дода мешавад.

Ҳамчунин хориҷ шудан аз кишвар ва ворид шудани шаҳрвандон ба ҷумҳурӣ маҳдуд карда мешавад.

Вақти корӣ, маблағгузорӣ, пардохти музди меҳнат замони ҳолати ҷангӣ мувофиқи ҷадвали ҷудогона танзим мешавад. Ҳамчунин бо эълони ҳолати ҷангӣ тартиби нави ҷамъоварии андоз ва боҷҳои гумрукӣ муайян карда мешавад.

Иншоот ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳангоми эълони ҳолати ҷангӣ метавонанд барои таъмини мудофиаи кишвар истифода шаванд.

Дар лоиҳаи қонун барои иҷро накардани талаботи замони ҳолати ҷангӣ ҷазои ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» дар маҷмӯъ аз 18 модда иборат аст.

Масъалаҳои марбут ба ҳолати ҷангӣ айни замон тибқи моддаи 5-и қонун “Дар бораи мудофиа”, ки моҳи ноябри соли 1995 қабул шудааст, танзим мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.