Раиси Шӯрои Аврупо сафараш ба минтақаи Осиёи Марказиро аз Тоҷикистон шурӯъ мекунад

Маркази матбуотии Шӯрои Аврупо хабар медиҳад, ки раиси Шӯро Доналд Туск сафари Осиёи Марказиашро рӯзи 29 май аз Тоҷикистон шуруъ мекунад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, вай 30 май ба шаҳри Нурсултон меравад. Гуфта мешавад, Доналд Туск 31 май дар Қазоқистон бо президенти муваққати он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Маркази матбуотии Шӯрои Аврупо хабар медиҳад, ки раиси Шӯро Доналд Туск сафари Осиёи Марказиашро рӯзи 29 май аз Тоҷикистон шуруъ мекунад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, вай 30 май ба шаҳри Нурсултон меравад.

Гуфта мешавад, Доналд Туск 31 май дар Қазоқистон бо президенти муваққати он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дидору гуфтушунид мекунад.

Санаи 31 май Доналд Туск ба Ӯзбекистон ташриф оварда бо президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев мулоқот анҷом медиҳад.

Сафари раиси Шӯрои Аврупо дар минтақа то 2-юми июн идома мекунад. Туск дар ҳоле ба кишварҳои Осиёи Марказӣ меояд, ки дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи 15-уми май дар Брюссел ёддошти муштараки ин ниҳодро дар бораи стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ қабул карданд.

Ин қадами ниҳоӣ дар остонаи қабули стратегияи “ИА ва ОМ: Имкониятҳои нав ба хотири ҳамкориҳои қавӣ” аст, ки интизор меравад моҳи июни имсол аз тарафи вазирони умури хориҷии эътилоф тасвиб ва моҳи июл дар мулоқоти раҳбари сиёсати хориҷии ИА Федерика Могеринӣ дар Бишкек муаррифӣ шавад.

Стратегияи нав бо ҳадафи мусоидат ба минтақа дар муқобила бо ҳама гуна зарбаҳои (иқтисодии) дохиливу хориҷӣ, риояи қонун ва ҳуқуқи башар, фароҳам овардани фазои озоди кор барои сохторҳои маданӣ ва матбуоти мустақил амалӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.