Афзоиши шумори ҷиноятҳои содиргардида нисбати ноболиғон

Тӯли чор моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ нисбати ноболиғон 296 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳолат зиёд мебошад. Тавре ба “Азия-Плюс”аз Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД  иттилоъ доданд, ҷиноятҳое, ки нисбат ба ноболиғон содир гардидаанд,  аз 5 ҳолати зарари миёна ба саломатӣ, 1 ҳолат […]

Манзумаи Фирӯз “Азия-Плюс”

Тӯли чор моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ нисбати ноболиғон 296 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳолат зиёд мебошад.

Тавре ба “Азия-Плюс”аз Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД  иттилоъ доданд, ҷиноятҳое, ки нисбат ба ноболиғон содир гардидаанд,  аз 5 ҳолати зарари миёна ба саломатӣ, 1 ҳолат одамкушии барқасдона ва 2 ҳолати расонидани зарари вазнин ба саломати иборатанд.

Ҳамчунин дар 6 ҳолат ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, дар 12 ҳодиса ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, дар 40 ҳолат алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ба синни 16 нарасидааст, дар 20 ҳолат ҳаракати бадахлоқона ва дар 2 ҳолат содир шудани дуздӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар ҳамин давра аз тарафи ноболиғон 261 адад ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 ҳолат камтар мебошад.

Дар 261 ҳолати содир гардидани ҷиноятҳо 209 нафар ноболиғон иштирок намудаанд, ки 12 нафари онҳоро духтарон ва 197 нафари дигарро писарон ташкил медиҳанд.

Дар ин муддат содир шудани ҷиноятҳои 1 ҳолати одамкушӣ, 2 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва 1 ҳолати ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин 198 ҳолати ҷиноятҳои дуздӣ, 5 – қаллобӣ, 5 – ғоратгарӣ, 15 – авбошӣ ва 33 адад дигар ҷиноятҳо низ ҷой доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.