Разведкаи ҳарбии дохилӣ барои мубориза бо “гурӯҳҳои хуфта”-и террористон

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 29 май ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон» маъқул шумориданд, ки дар онҳо роҳандозии чорабиниҳои разведка дар дохили кишвар пешбинӣ шудааст. Зимни шарҳи тағйироту иловаҳо ба вакилони мардумӣ муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода қайд кард, ки мақомоти разведкаи ҳарбӣ […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 29 май ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон» маъқул шумориданд, ки дар онҳо роҳандозии чорабиниҳои разведка дар дохили кишвар пешбинӣ шудааст.

Зимни шарҳи тағйироту иловаҳо ба вакилони мардумӣ муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода қайд кард, ки мақомоти разведкаи ҳарбӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда айни замон дар берун аз ҳудуди кишвар амал мекунанд.

Лекин барои мубориза бо терроризму эсктремизм дар дохили кишвар, ба гуфтаи ӯ, то ҳол асосҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надоранд.

“Қабули тағйироту иловаҳо барои муҳайё сохтани сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ ба фаъолияти разведкаи ҳарбӣ, роҳандозии чорабиниҳои махфӣ ва ошкорои марбут ба разведка, идоракунии мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар замони чангӣ, истифодаи аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус зимни иҷрои вазифаҳи хизматӣ асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам меорад”, – гуфт муовини аввали вазири мудофиаи ба вакилон.

Мақсади роҳандозии кори разведкаи ҳарбии дохилиро ӯ ба мавҷуд будани гурӯҳҳои тероористии “хуфта” дар қаламрави Тоҷикистон нисбат дод.

“Вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳону минтақа, тақвият ёфтани терроризм ва экстремизм, мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи террористӣ дар ҳудуди кишварамон, ки метавонанд ба амнияти Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд, тақозо мекунанд, ки ваколатҳои разведкаи ҳарбӣ ба талаботи мубориза бо таҳдидҳои муосир мутобиқ карда шаванд”, – илова кард Эмомалӣ Собирзода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.