Модари навраси ҳалокшуда: “Ӯ муҳандис шудан мехост”

Субҳи рӯзи 25 июн назди хонаи воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт ҷасади навраси 15-сола Фурқат Алимов дарёфт шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ худро аз ошёнаи 11-ум ба замин партофта, худкушӣ кардааст. Модари наврас Татяна Алимова мегӯяд, соати 3:30 дақиқаи шаб ба онҳо дар бораи ин ҳодиса хабар дода, мошини ёрии таъҷилӣ ва кормандони милитсия […]

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 25 июн назди хонаи воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт ҷасади навраси 15-сола Фурқат Алимов дарёфт шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ худро аз ошёнаи 11-ум ба замин партофта, худкушӣ кардааст.

Модари наврас Татяна Алимова мегӯяд, соати 3:30 дақиқаи шаб ба онҳо дар бораи ин ҳодиса хабар дода, мошини ёрии таъҷилӣ ва кормандони милитсия баъди соати 5-и субҳ ба ҷойи ҳодиса омадаанд.

“Бовар надорам, ки писарам худкушӣ кардааст. Ӯ имтиҳонҳоро муваффақона супурда, синфи 8-ро хатм кард. Имрӯз ният дошт, ки барои истироҳат ба лагер равад”, – мегӯяд ӯ, ки соҳиби 6 фарзанд асту Фурқат писари дуюмаш мебошад.

Зумрад, ягона хоҳари Фурқат изҳор кард, ки охири моҳи май бародараш бо хонандагони синфи 7 муноқиша карда, ӯро ба шуъбаи милитсия бурдаанд ва баъди он ӯ каме хавотирпарешону ҳаросон мегашт.

Бино ба гуфтаи модари наврас, писараш ҳамеша машғули дарсхонӣ буда, бо касе дӯстии наздик надошт ва ба илмҳои табиӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, муҳандис шудан мехост.

Оилаи Фурқат Алимов камбизоат буда, ягона ризқрасони ин хонавода писари калонии оила Александри 19-сола мебошад, ки ба сифати сантехник кор мекунад. Дигар фарзандони оила хонандагони мактаб мебошанд.

“Ман касеро гунаҳкор намекунам, танҳо мехоҳам, ки ба саволҳои худ ҷавоб ёбам: кӣ айбдор асту чаро маҳз бо писари ман чунин ҳодиса рух дод”, – мегӯяд Татяна Алимова.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.