Кумаки ИМА дар таъмиру навсозии ёдгории мадрасаи Оим

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм  ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар маросими ифтитоҳи ёдгории таърихӣ – мадрасаи Оим, ки аввалин таълимгоҳ барои занон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, иштирок намуд. Дар доираи барномаи Хазинаи сафирони ИМА барои нигаҳдошти мероси фарҳангӣ (AFCP), Сафорати ИМА ба созмони ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» барои тармиму азнавсозии утоқҳо, […]

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм  ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар маросими ифтитоҳи ёдгории таърихӣ – мадрасаи Оим, ки аввалин таълимгоҳ барои занон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, иштирок намуд.

Дар доираи барномаи Хазинаи сафирони ИМА барои нигаҳдошти мероси фарҳангӣ (AFCP), Сафорати ИМА ба созмони ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» барои тармиму азнавсозии утоқҳо, деворҳо ва боми мадраса 77 154 доллар тақдим намуда буд.

Созмони ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» дар ҳамкории зич бо ҳукумати маҳаллӣ  азнавсозии мадрасаи Оимро ба анҷом расонид. Мадраса дар айни замон ба сифати осорхона фаъолият карда, таҳти назорати Вазорати фарҳанг қарор дорад.

Мадрасаи Оим, ки дар ибтидои асри XIX (сс. 1824-1825) бо ҷалби ҳунармандони маҳаллӣ бунёд шуда буд, иншооти нодири таърихӣ ба шумор меравад. Дар он бонувон таҳсил менамуданд. Ҳукумати Тоҷикистон ин ёдгории фарҳангиро дар Феҳристи ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба қайд гирифтааст.

Таваҷҷўҳи асосии Барномаи AFCP, ки назди Сафорати ИМА фаъолият мекунад, ба ҳифзи ёдгориҳои нодири фарҳангӣ дар кишварҳои мизбон равона шудааст. Аз соли 2001 Барномаи AFCP ба 17 лоиҳа дар Тоҷикистон кўмаки молиявӣ расондааст: тақрибан 620 000 доллар барои нигоҳ доштани ёдгориҳои нодири фарҳангӣ дар Тоҷикистон ҷудо карда шуд.

Лоиҳаҳое, ки қаблан кӯмаки молӣ  гирифтанд, дар самти ҳифзу ҳимояи мадрасаи Хоҷа Машҳад, ки дар асри IX сохта шудааст, Мақбара дар Шаҳритуз, нақшҳои рўйдеворӣ дар Қасри Поёни Панҷакенти Бостонӣ, Мадрасаи Куҳна дар Ҳисор, ки дар асри XVI сохта шудааст, ва инчунин барқарорсозӣ ва ҳифзи маҷмўаи ашёҳои қадима дар Осорхонаи давлатии осори атиқа фаъолият мекунанд.

Аз соли 1992  инҷониб мардуми Амрико ба ҳаҷми беш аз 1,8 миллиард доллар кўмак расонидааст. Ин маблағ тариқи барномаҳо ва ёрии башардўстона барои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.