Хуҷанд: Оғози фаъолияти маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба фаъолияти маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлуи чойхонаи Сирдарё ҳусни оғоз бахшида шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, маҷмааи истироҳатию фароғатӣ, ки алҳол ҳудуди 300 метрро фаро мегирад, бо назардошти бунёди […]

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба фаъолияти маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлуи чойхонаи Сирдарё ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, маҷмааи истироҳатию фароғатӣ, ки алҳол ҳудуди 300 метрро фаро мегирад, бо назардошти бунёди шиногоҳи нав, майдончаҳои бозии футболу волейбол ва тенис, пайроҳа, истгоҳи нақлиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонии обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин фурсат бунёд карда шуданд.

Гуфта мешавад, дар як вақт зиёда аз 100 нафар варзишгарон дар ин макон ба тамрин машғул гардида, беш аз 1000 нафар сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд истироҳат карда метавонанд. Ҳудуди Маҷмааи истироҳатию фароғатии навбунёд бо чароғпояҳои муосир таҷҳизонида шуда, барои истироҳати комили шаҳрвандон шароити мувофиқ муҳайё карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва сохтмончиёни маҷмааи истироҳатӣ барои чунин иқдоми созандагӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, дастур дод, ки барои нигоҳдошти хубу тоза ва таъмини амнияти истироҳаткунандагон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ дошта, дар ояндаи наздик то ҳудуди беморхонаи шараёни дил соҳили дарёи Сир идома ёфта, ба мавзеъи бузурги истироҳатию фароғатии меҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд мубаддал гардонида мешавад ва ба ҳусни шаҳр таровати дигар мебахшад.

Раиси вилояти Суғд ба роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дастур дод, ки ҷиҳати ба таври доимӣ омода намудани шиногоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир тадбирҳо андешанд ва барои бехатарии шаҳрвандон бунгоҳи назоратӣ таъсис диҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.