ВАО: Модари корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро 6 соат дар милитсия нигоҳ доштанд

Кормандони пулис Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдулло Худоёров, як корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар зиндон ба сар мебарад, нагузоштаанд дар мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок кунад ва ӯро боздошт карданд ва танҳо пас аз 6 соат озод намуданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мавҷигул Ғарибова изҳор доштааст, ки соати панҷи субҳи рӯзи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Кормандони пулис Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдулло Худоёров, як корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар зиндон ба сар мебарад, нагузоштаанд дар мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок кунад ва ӯро боздошт карданд ва танҳо пас аз 6 соат озод намуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мавҷигул Ғарибова изҳор доштааст, ки соати панҷи субҳи рӯзи чаҳоршанбе ӯву ду тан аз наздиконашро аз миёни пешвозгирандагони президент дар шаҳраки Навободи Рашт ҷудо карда, ба идораи пулис бурданд.

Наздикони Мавҷигул Ғарибова гуфтаанд, ӯ танҳо мехост аз ноҳақ зиндонӣ шудани писараш ба президент шикоят кунад. Мақомоти пулис дар ноҳияи Рашт то ба ҳол сабаби боздошти Мавҷигул Ғарибоваро шарҳ надодаанд.

Мавҷигул Ғарибова субҳи 26-уми июн гуфтааст, қасд дошт ҳамроҳи мардуми Рашт ба пешвози президент барояд, аммо ба хотири он, ки дар бораи фарзандаш суоле матраҳ накунад, аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуд.

Наздикони Мавҷигул Ғарибова гуфтаанд, дар соатҳое, ки раисҷумҳур дар шаҳраки Навобод қарор дошт, ин занро мақомоти маҳаллӣ дар идораи пулис дар боздошт нигоҳ медоштанд. Мавҷигул Ғарибова субҳи бармаҳали 26-уми июн аз дохили боздоштгоҳи пулис гуфт, "ман нияти суол кардан надоштам, лекин инҳо (манзур кормандони пулис – РО) маро аз байни мардум боздошт карданд ва дар милисахона маҳкам намуданд".

Фарҳод Худоёров, фарзанди Мавҷигул Ғарибова мегӯяд, модараш ба президент мактуб дошт ва мехост онро ба Эмомалӣ Раҳмон супорад. Дар мактуби худ Мавҷигул Ғарибова навиштааст, "фарзандони ман ҳар кадоме ба алоҳидагӣ ба номи Шумо ва дигар мақомоти баландпояи давлатӣ номаҳо навиштанд, ки ба мо ёрӣ диҳед, аммо то ҳол барои озод кардани фарзанди бегуноҳи ман ҳеч амале сурат нагирифтааст".

Ин сокини Рашт дар мактубаш ҳамчунин навишт, ки писараш Ҷунайдулло Худоёров барои ифшои касоне иқдом кард, ки моли давлатро ғорат карданд. Аммо дар ниҳоят ба навиштаи хонум Ғарибова, писараш бо туҳмат ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. "Оё касе ҳаст, ки ба доди мо бирасад ва мусоидат кардаву писари бегуноҳи ман Ҷунайдуллоро озод кунад? Оё мумкин аст, ки одам бегуноҳ 5 соли ҳаёти худро дар зиндон сипарӣ кунад?"-навиштааст Мавҷигул Ғарибова.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.