Сеул ба Душанбе ҳамкориро дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ваъда кард

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ким Тэ Сонг ва ҳайати вакилони Парлумони ин кишвар мулоқот анҷом дод. Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, бо табодули афкор тарафҳо ҳамкории мутақобилан судмандро дар самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкил додани Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея, тавсеаи ҳамкорӣ байни доираи соҳибкорони ду кишвар, тақвияти ҳамкорӣ […]

АМИТ “Ховар”

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ким Тэ Сонг ва ҳайати вакилони Парлумони ин кишвар мулоқот анҷом дод.

Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, бо табодули афкор тарафҳо ҳамкории мутақобилан судмандро дар самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкил додани Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея, тавсеаи ҳамкорӣ байни доираи соҳибкорони ду кишвар, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, авиатсия, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуданд.

Гуфта мешавад,  Азим Иброҳим ба имзо расонидани Созишномаи байниҳукуматии ду кишварро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ  махсус таъкид намуд.

Ҷониби Корея зикр намуд, ки бо назардошти вазъи бозори дохилӣ имзои санади мазкурро бо як зумра кишварҳо мавқуф гузоштааст ва бо Тоҷикистон дар ин самт ҳамкорӣ менамояд.

Аз ҷониби муовини сарвазири мамлакат ба ҷониби Корея барои пешниҳоди бурсияҳо ва ҷалби мутахассисони ҷавон барои иштирок дар курсҳои омӯзишии  соҳаҳои мухталиф изҳори миннатдорӣ шуда, пешниҳод гардид, ки бо назардошти нақши фаъоли KOICA дар дастгирии лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ таъсиси Намояндагии доимии KOICA дар Душанбе ба мақсад мувофиқ мебошад.

Зикр мегардад, ки ҷониби Корея изҳор дошт, ки барои таъсиси намояндагии KOICA дар Тоҷикистон бояд байни ду тараф Созишнома дар бораи волонтёрҳои Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ ба имзо расонида шавад ва ин санад барои таъсиси намояндагии KOICA заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар интиҳо муовини сарвазири Тоҷикистон бо назардошти  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 сайёҳони Кореяро ба Тоҷикистон даъват намуд, ки он аз ҷониби узви Ассамблея ва ҳайати парлумони Корея хуш пазируфта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.