Дархости кумаку мусоидат барои дарёфти ҷинояткори хавфнок

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар дастгир намудани ҷинояткори касбӣ ва хавфнок кумаку мусоидат намоянд. Зодаи шаҳри Душанбе, Акмал Алиматови 31-сола мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии милитсияи пойтахт. Ин шахс қаблан дар Тоҷикистону Русия барои содир намудани ҷиноятҳои авбошӣ, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатӣ, роҳзаниу ғоратгарӣ маҳкум шудааст. […]

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар дастгир намудани ҷинояткори касбӣ ва хавфнок кумаку мусоидат намоянд.

Зодаи шаҳри Душанбе, Акмал Алиматови 31-сола мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии милитсияи пойтахт.

Ин шахс қаблан дар Тоҷикистону Русия барои содир намудани ҷиноятҳои авбошӣ, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатӣ, роҳзаниу ғоратгарӣ маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, айни замон номбурда барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнини муқобили саломатии инсон равонагардида гумонбар дониста шуда, дар ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.

“Вобаста ба ин, мақомоти милитсияи пойтахт аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар нисбати ин шаҳрванд ягон иттилое доранд, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00 ва ё милитсияи маҳалли зисти худ (02) хабар диҳанд”, – омадааст дар маълумоти РВКД Душанбе.

Зимнан зикр мегардад, ки шаҳрвандоне, ки барои дастгир намудани ин ҷинояткори хавфнок мусоидат мекунанд, мукофотонида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.