Дар воридоти сӯзишворӣ ширкати “Сеганҷ” “Газпромнефт-Тоҷикистон”-ро қариб дарёб кард

Аз лиҳози ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ширкати “Сеганҷ” ба нишондиҳандаҳои корхонаи фаръии “Газпром” – ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” хеле наздик шуд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, дар бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон айни замон ҶДММ “Газпромнефт- Тоҷикистон”, ҶДММ “Сеганҷ” ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҷумҳурӣ мавқеи афзалиятнок дошта, аз ҳаҷми умумии маводи […]

Аз лиҳози ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ширкати “Сеганҷ” ба нишондиҳандаҳои корхонаи фаръии “Газпром” – ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” хеле наздик шуд.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, дар бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон айни замон ҶДММ “Газпромнефт- Тоҷикистон”, ҶДММ “Сеганҷ” ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҷумҳурӣ мавқеи афзалиятнок дошта, аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишвории давоми ним соли равон ба ҷумҳурӣ воридшуда 88%-аш ба онҳо рост меояд.

Дар ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ нимаи аввали соли ҷорӣ ҳиссаи “Газпромнефт-Тоҷикистон” – ба 41% (ҳудуди 98 ҳазор тонна), ширкати “Сеганҷ” – ба 37% (беш аз 88 ҳазор тонна) ва Агентии захираҳои моддии давлатии ҷумҳурӣ – ба 10% (зиёда аз 28 ҳазор тонна) баробар буда, каме бештар аз 28 ҳазор тонна аз ҷониби дигар ширкатҳои хурду миёна оварда шудааст.

Ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон давоми нимсолаи аввал беш аз 239 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ба сурати умум аз ҷониби зиёда аз 50 ширкатҳо ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридгардида 87% – ба ҳиссаи Русия,  7,9% – ба Қирғизистон, 2,4% – ба Қазоқистон ва 2,7% – ба дигар кишварҳо рост меояд.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ итминон доданд, ки фаъолияти ширкатҳои мавқеъашон афзалиятнок дар бозори маҳсулоти нафтӣ зери назорати доимии ин ниҳод қарор дорад.

Зимнан зикр гардид, ки вобаста ба минтақа айни замон нархи як литр бензин аз 6,80 то 7,80 сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.