Вазорати тандурустӣ: Бо ширкати “Фароз” бар асоси қарори ҳукумат ҳамкорӣ дорем

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамкориро бо ширкати “Фароз” дар соҳаи ташхис расман тасдиқ намуд. Муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Умарзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамкорӣ бо ширкати “Фароз дар самти таъмиру бо таҷҳизоти зарурӣ ва технологияи муосир таъмин намудани озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо), ҳамчунин пардохти иловапулиҳо ба кормандони […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамкориро бо ширкати “Фароз” дар соҳаи ташхис расман тасдиқ намуд.

Муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Умарзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамкорӣ бо ширкати “Фароз дар самти таъмиру бо таҷҳизоти зарурӣ ва технологияи муосир таъмин намудани озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо), ҳамчунин пардохти иловапулиҳо ба кормандони ин озмоишгоҳҳо идома дорад.

Ӯ қайд кард, ки ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат тарзи муосири ҳамкорӣ буда, ба сарфаи маблағҳои буҷетӣ имкон медиҳад.

“Чунин таҷриба ҳатто дар давлатҳои рушдёфта низ роиҷ аст. Чун имрӯз аз ҳисоби буҷет ҳама чизу шароити заруриро таъмин карда наметавонем, чунин воситаи ҳамкориро роҳандозӣ намудем”, – гуфт муовини вазир.

Саида Умарзода иттилоъ дод, ки ширкати “Фароз” ва муассисаҳои зери назорати он ба рушди соҳаи тиббӣ кумак мекунанд.

“То имрӯз ҶДММ “Беҳдоштӣ” – ширкати зертобеъи “Фароз”, ки озмоишгоҳҳо дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ба он тааллуқ доранд, ба 45 ҳазор нафар сокинон бепул хизматрасонӣ кард. Ғайр аз ин, ширкати “Фароз” Маркази мубориза бо гепатитҳои вррусиро дастгирӣ намуда, ҳайати шахсиро меомӯзонад ва озмоишгоҳҳоро ба таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуда, иловапулиҳоро ба кормандони марказ пардохт мекунад”, – қайд кард Саида Умарзода.

Ӯ ҳамчунин масъалаи гарон шудани маълумотномаҳои тиббиро баъди ба ихтиёри ширкати “Фароз” супурдани озмоишгоҳҳо шарҳ дод.

“Масалан, барои гирифтани маълумотнома (справка)-и шакли 032 (барои ба мактаб қабул кардани кӯдакон) муоина дар марказҳои солимӣ аз ҷониби табибон 31 сомонӣ ва ташхисҳо дар озмоишгоҳҳои “Беҳдоштӣ” – 58 сомонӣ нарх доранд. Ин пулҳо асосан барои дастрас кардани реактивҳо барои ташхис харҷ мешаванд”, – илова кард ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.