Охирин ҷарроҳии Осия ва бори аввал ба ҳавлии беморхона баровардани ӯ

Марҳилаи ҷарроҳии ҳафтум ва охирини Осияи Шерзод бо мувафақият гузашт. Ва фардо баъди зиёда аз як моҳ аввалин маротиба ӯро ба ҳавлии беморхона барои дидорбинии наздиконаш мебароранд, иттилоъ дод ба “Азия-Плюс” Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи маркази шаҳрии №3. Ба гуфтаи Зубайдов, бо хоҳиши Осия, ки зиёд мехоҳад бародарон ва дигар аъзоёни оилаи худро […]

Манзумаи Фирӯз, “Азия-Плюс”

Марҳилаи ҷарроҳии ҳафтум ва охирини Осияи Шерзод бо мувафақият гузашт. Ва фардо баъди зиёда аз як моҳ аввалин маротиба ӯро ба ҳавлии беморхона барои дидорбинии наздиконаш мебароранд, иттилоъ дод ба “Азия-Плюс” Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи маркази шаҳрии №3.

Ба гуфтаи Зубайдов, бо хоҳиши Осия, ки зиёд мехоҳад бародарон ва дигар аъзоёни оилаи худро бубинад, фардо ба ҳавлии беморхона бароварда мешавад. “Гарчанде дар роҳ гаштану нишастан Осия азоб мекашад ва базӯр менишинад, аммо хеле мехоҳад бо наздиконаш дидорбинӣ кунад. Ва мо ба ӯ ваъда додем, ки фардо наздиконатро хоҳӣ дид”.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки се рӯз қабл ҷарроҳии 7-уми ва охирини барқарор намудани саломатии Осия низ ба хубӣ анҷом ёфт, ки худи табибони тоҷик онро гузаронидаанд. Ва дар оянда ӯро ҷарроҳиҳои косметикӣ интизор аст. Вале, мегӯяд, Осияро то ҳол ба палата нагузаронидаанд ва дар назар аст, ки дар шӯъбаи эҳёгарӣ нигоҳубин карда шавад.

 “Осияро ба он хотир ба палата нагузаронидем, чун вақте аз шӯъбаи эҳё ба палата гузаронида шавад, наздикону пайвандон зиёд ба аёдаташ меоянд ва имкони ворид шудани вирусҳо ба захмаш пайдо мешавадт”, – гуфт Зубайдов.

Вазъи саломатии Осияро табибон хуб арзёбӣ мекунанд ва умед аст ба зудӣ саломатиаш беҳтару хубтар гардад.

Дар нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ низ гуфта шуд, ки ҷарроҳиҳои барқарор намудани саломатии Осияи Шерзод гузаронида шуда, дар оянда низ Вазорати тандурустӣ барои табобати ноболиғ тамоми чораҳоро меандешад.

Бояд гуфт, барои муоинаи Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷароҳатҳои вазнин аз сӯхтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб Эдгар Бимер бо даъвати президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе ташриф овард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.