«Азия-Плюс» ва 24.kg ҳамроҳ рӯйдодҳоро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон инъикос мекунанд

Дар партави рӯйдодҳои ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” (Тоҷикистон) ва Агентии иттилоотии 24.kg (Қирғизистон) дар бораи ҳамкорӣ Ёддошт ба имзо расониданд. “Дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам миёни аҳолии маҳаллӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Инъикоси ин рӯйдодҳо барои аҳолии ҳарду кишвар аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дорад. Замони муноқишаҳо расонаҳо бар асоси сарчашмаҳои расмӣ […]

Наим Халимов

Дар партави рӯйдодҳои ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” (Тоҷикистон) ва Агентии иттилоотии 24.kg (Қирғизистон) дар бораи ҳамкорӣ Ёддошт ба имзо расониданд.

“Дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам миёни аҳолии маҳаллӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Инъикоси ин рӯйдодҳо барои аҳолии ҳарду кишвар аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дорад. Замони муноқишаҳо расонаҳо бар асоси сарчашмаҳои расмӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон маводе ба нашр мерасонанд, ки на ҳамеша ба инъикоси рӯйдод бо инобати нуқтаи назари ҳамаи ҷонибҳои низоъ имкон медиҳад”, – қайд мешавад дар ёддошт.

Бо назардошти ин омилҳо, ду расонаи пешсафи Тоҷикистону Қирғизистон дар ин хусус созиш ҳосил намуданд:

1. Роҳандозии гуфтугӯ (чат)-и ягонаи доимӣ байни идораи расонаҳо барои инъикоси рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон;

2. Табодули маълумот дар бораи вазъ дар сарҳад дар реҷаи вақти воқеӣ;

3. Нашри маълумот бобати вазъ дар сарҳад бо истифода аз шарҳу тавзеҳҳо, маълумоти шоҳидони ҳодиса ва дигар мавод, ки ба корбарон имкон диҳанд дар бораи ҳодисаҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон тасаввуроти мукаммал ҳосил намоянд.

Идораи расонаҳо бовар доранд, ки фаъолияти муштарак ба инъикоси саривақтӣ ва муфассали рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикиситону Қирғизистон шароити мусоид фароҳам месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.