АНОНС
– Дар ин рӯз баргузории чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта нашудааст.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.4398 сомонӣ;
1 евро – 10.5735 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1441 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1937 – Ташкили Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқи Тоҷикистон.
1937 – Шӯрои комисарони халқ ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон дар бораи ташкил кардани Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қарор қабул карданд.
1937 — Таъсис ёфтани Филармонияи давлатии Тоҷикистон.
2006 — Дар оилаи Мӯсоевҳо дар шаҳри Душанбе сокини 7-миллионнафараи Тоҷикистон ба дунё омад. Тифлро Фаридун ном гузоштанд.
2007 — Дар Тоҷикистон ташкилоти нави гурӯҳи расонаҳо (медиа) – Ташкилоти рушди журналистони ҷавон таъсис дода шуд.
2009 — Дар Душанбе миёни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи савдо ва саноати музофотҳои ғарбии Афғонистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
2014 — Дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони дарозмуҳлати бинои меҳмонхонаи панҷcиторадори «Sheraton», ки соли 2005 оғоз гардида буд, ба итмом расид.
1899-1966 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Бобоқул Файзуллоев.
1932 – Мавлуди оҳангсоз Ҷӯрабой Охунов.
1943 – Зодрӯзи нависанда Абдуғаффори Партав.
Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 8 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


