АНОНС
– Ғолиби Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе муайян мешавад. Дар вохӯрии даври охирин дастаҳои Тоҷикистону Эрон бозӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.4398 сомонӣ;
1 евро – 10.5631 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1439 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1848 – Курсии дандонпизишкӣ соҳиби патент шуд.
1935 – Ифтитоҳи Спартакиадаи аввалини кӯдакони Тоҷикистон.
2018 – Беш аз 250 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ширкат варзиданд: аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ ба маблағи беш аз 100 млн. доллар қарордоду созишномаҳо ба имзо расиданд.
1907-1978 – Зодрӯзи нависанда Ҳабибулло Назаров.
1913-1983 – Мавлуди тарҷумон Ҳабиб Аҳрорӣ.
1919 – Зодрӯзи рассом, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Сироҷиддин Нуриддинов.
1936-2011 – Мавлуди ҳунарпешаи театру кино Бурҳон Раҷабов.
1939 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Раҷаб Ҳусейнов.
1952-2014 — Мавлуди арбоби фарҳанги Тоҷикистон Саидбухорӣ Маҷидов.
Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 15 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


