Роҳандозии “Корти Осон”-и муштараки Tcell ва Аввалин бонки молиявӣ

Ширкати Tcell дар якҷоягӣ бо ҶСП “Аввалин бонки молиявӣ” барои куллияи сокинони Тоҷикистон корти муштараки бонкии “Корти Осон”-ро пешниҳод менамоянд. Корти муштараки «Корти Осон»-ро дар марказҳои хизматрасонии Tcell, ки дар нуқтаҳои қулай дар Душанбе, НТМ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ҷойгиранд, фаъол кардан мумкин аст! Бартарият ва афзалияти аслии «Корти Осон» – равиши осони интиқол […]

Ширкати Tcell дар якҷоягӣ бо ҶСП “Аввалин бонки молиявӣ” барои куллияи сокинони Тоҷикистон корти муштараки бонкии “Корти Осон”-ро пешниҳод менамоянд.

Корти муштараки «Корти Осон»-ро дар марказҳои хизматрасонии Tcell, ки дар нуқтаҳои қулай дар Душанбе, НТМ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ҷойгиранд, фаъол кардан мумкин аст!

Бартарият ва афзалияти аслии «Корти Осон» – равиши осони интиқол ва гирифтани пул аст. Дар давоми чанд дақиқа пас аз дархост бо «Корти Осон» дарёфти маблағ дар ҳисоби корт имкон дорад!

Интиқоли мустақими пул ба корт- роҳи осон ва фоидаовари ирсоли маблағ ба Тоҷикистон тавассути низоми интиқоли пул («Contact», «Юнистрим», «Золотая Корона», «Blizko» «Western Union» ва ғайра) мебошад. Барои ирсоли маблағ ба «Корти Осон» танҳо донистани рақами корт ва дарёфткунанда (гиранда)-и пул зарур асту бас. Пулҳоро бо асъорҳои мухталиф- рубли русӣ, доллари амрикоӣ ва ё ЕВРО ирсол кардан мумкин аст. Маблағ ба ҳисоби дарёфткунандаи пул дар шакли арзи миллӣ- сомонӣ ва бо қурби ҳамонрӯзаи Аввалин бонки молиявии хурд, ки барои муштариён дар сомона дастрас аст, гузаронида мешавад.

Ҳузури инфиродии муштарӣ ба бонку бахшҳои он аллакай дар гузашта монд!Барои дарёфти маблағ зарур нест, ки кадом санадро пур намоед ва ё дар навбати тӯлонӣ биистед, ҳисоби Шумо ба гунаи зуд ва хеле қулай дар корт мегузарад. Ба таври нақдӣ, бе комиссия ва бо асъори миллӣ- сомонӣ, ё доллари ИМА гирифтани маблағ низ аз банкоматҳои Аввалин бонки молиявӣ ҳеч душворӣ надорад!  

Соҳибони кортҳои  «Корти Осон» имконияти бесобиқаи истифода аз ҳисоби кортии худро доранд, агар онро ба ҳамёни мобилии ТезСум пайваст намоянд! Бо ёрии ҳамёни инфиродӣ (шахсӣ)-и ТезСум дар реҷаи шабонарӯзӣ (24/7) имкони пардохтҳои гуногуни ғайринақдиро аз корт ва 150 намуди хизматрасониро доред: пардохтҳои коммуналӣ, интернети хонагӣ ва телевизион, ҷаримаҳои ҳаракат дар роҳ, қарзҳои бонкӣ ва ғайраҳо.

Ҳамчунин, тавассути корти мазкур пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳама фурӯшгоҳҳо ва идораҳи марбути бахши тиҷорати Тоҷикистон, ки Корти Миллиро қабул доранд, бе комиссия анҷом додан мумкин аст.  

___________________

Tcell – ширкати бузурги мухобиротии Тоҷикистон буда, ягона саҳҳоми он Бунёди Оғохон оид ба Рушди иқтисодӣ (AKFED) аст.
ҶСП «Аввалин бонки молиявӣ» тамоми намуди хизматрасониҳои бонкиро тавассути шабакаҳои умумиҷумҳуриявии худ ва оҷонсиҳои пардохти бонкӣ пешниҳод месозад. Саҳмдори асосии бонк Фонди Оғохон оид ба Рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.