«Тоҷикстандарт» дар бозорҳо либоси мактабии пастсифат ошкор кард

Дар ҷараёни рейди ғайринақшавии кормандони Агентии “Тоҷикстандарт” дар бозорҳои Душанбе беш аз 250 адад сарулибоси мактабие ошкор шуд, ки бе сертификати сифат ва мутобиқат фурӯхта мешуданд. “Падару модарон ва дигар шаҳрвандон низ аз пастсифат будани мол, аз ҷумла сарулибоси мактабӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурии хониш шикоят карда, мо тасмим гирифтем, ки дар бозору фурӯшгоҳҳои […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар ҷараёни рейди ғайринақшавии кормандони Агентии “Тоҷикстандарт” дар бозорҳои Душанбе беш аз 250 адад сарулибоси мактабие ошкор шуд, ки бе сертификати сифат ва мутобиқат фурӯхта мешуданд.

“Падару модарон ва дигар шаҳрвандон низ аз пастсифат будани мол, аз ҷумла сарулибоси мактабӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурии хониш шикоят карда, мо тасмим гирифтем, ки дар бозору фурӯшгоҳҳои ин навъи молу маҳсулот санҷиши ғайрнақшавӣ доир намоем”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Тоҷикстандарт”.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни рейд ба ҷуз сарулибоси мактабӣ, ҳамчунин беш аз 7 ҳазор дона дафтар, 300 дона китобҳои дарсӣ ва дигар молҳо низ мусодира шудааст.

“Рейдҳо идома доранд. Мо аз фурӯшандагон сертификати мутобиқат мепурсем ва агар ӯ онро надошта бошад, пас молаш пастсифат ва тариқи қочоқ ворид шудааст. Ба гунаи мисол, зимни рейдҳо китобҳое мусодира шуданд, ки аз китоби асл нусхабардорӣ ва ба фурӯш гузоштаанд”, – гуфтанд дар Агентӣ.

Зимнан зикр шуд, ки нисбати фурӯшандагони қонуншикан мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҳо андешида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.