Имсол беш аз 218 ҳазор нафар кӯдакони Тоҷикистон дар синфи якум ба таҳсил шурӯъ мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсони Хушбахт.
Бино ба гуфтаи ӯ, соли хониши 2019-2020 қариб 1 млн. 971 нафар хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Онҳо дар 3 ҳазору 878 мактабҳои кишвар таҳсил намуда, қариб 123,5 ҳазор нафар омӯзгорон ба онҳо дарс хоҳанд дод.
Дар мактабҳои маълумоти олии ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ 325 ҳазору 125 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 23 ҳазору 325 нафар – дар техникумҳо, 85,5 ҳазор нафар – дар коллеҷҳо ва 206,3 ҳазор нафар – дар мактабҳои олӣ таҳсил хоҳанд кард.
Имсол 1319 нафар донишҷӯён тибқи квота ба муассисаҳои таълимӣ қабул шудаанд, ки 671 нафарашон – духтарон ва 648 нафар – писарон мебошанд. Шумори шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бар асоси квота ба муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд, 5220 нафарро ташкил медиҳад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, имсол зиёда аз 53 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якуми мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят мераванд.
Дар минтақаи шимоли кишвар 928 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, беш аз 533,6 ҳазор нафар дар онҳо бо таҳсил фаро гирифта шудаанд ва зиёда аз 38 ҳазор нафар омӯзгорон ба онҳо дарс мегӯянд.
“Талабот ба омӯзгорон 600 нафарро ташкил медиҳад. Асосан муаллимҳои фанҳои дақиқ ва забонҳои англисиву русӣ намерасанд, ки аз ҳисоби мутахассисони ҷавони имсол мактабҳои олиро хатмкарда бо ин ихтисосҳо ин масъаларо ҳаллу фасл карданием”, – зикр карданд дар Раёсат.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


