Рустами Эмомалӣ намояндаи Тоҷикистонро котиби генералии CAFA таъин намуд

Бо қарори президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ, роҳбари департаменти дастаҳои мунтахаби Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Улуғбек Каримови 31-сола котиби генералии нави CAFA таъин шуд. Дар ин мансаб Улуғбек Каримов мутахассис аз Ӯзбекистон Санҷар Ризоевро иваз намуд, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба кор гузашт. Каримов аз соли 2013 дар сохтори ФФТ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо қарори президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ, роҳбари департаменти дастаҳои мунтахаби Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Улуғбек Каримови 31-сола котиби генералии нави CAFA таъин шуд.

Дар ин мансаб Улуғбек Каримов мутахассис аз Ӯзбекистон Санҷар Ризоевро иваз намуд, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба кор гузашт. Каримов аз соли 2013 дар сохтори ФФТ кор мекунад, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии ФФТ.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) моҳи июни соли 2014 таъсис дода шуда, ба яке аз панҷ минтақаҳои Конфедератсияи футболи Осиё дохил мешавад.

CAFA федератсияҳои футболи шаш давлат – Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид месозад. Дар Конгресси навбатии CAFA, ки 24 апрел доир гардид, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ президенти нави CAFA интихоб шуд. Пас аз интихоби ҳайати нави раҳбарии CAFA, қароргоҳи ташкилот ба Душанбе кӯчонида шуд.

Моҳҳои июл ва августи соли равон дар Душанбе чемпионатҳои CAFA байни мунтахабҳои наврасони то 16-сола ва мунтахабҳои ҷавонони то 19-сола гузаронида шуд, ки мутаносибан дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон пирӯз шуданд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.