Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони меҳмонхонаҳо дар Душанбе оғози расмӣ бахшид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз ба сохтмони 4 меҳмонхона дар шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, яке аз онҳо дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ қомат меафрозад. Тибқи лоиҳа ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз ба сохтмони 4 меҳмонхона дар шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, яке аз онҳо дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ қомат меафрозад. Тибқи лоиҳа ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом (пентхаус) иборат аст.

Ба сохтмони ин иншооти муосир ҶДММ “Элит-Строй-Сервис” машғул шуда, он дар муҳлати 2 сол дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Меҳмонхонаи дигар – “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts” дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонӣ сохта мешавад.

Он аз 9 ошёна бо 103 адад ҳуҷра, аз ҷумла, ҳуҷраи президентӣ, 2 супер-люкс, 20 адад ҳуҷраи люкс, 20 адад полулюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ иборат буда, дараҷаи 5 ситораро дорад.

Иншоотро соҳибкорӣ ватанӣ Наврӯз Усмонов бунёд карда, сохтмони ин меҳмонхона низ бояд то ҷашни Истиқлолият дар соли 2021 ба анҷом расад.

Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ бо меҳмонхонаи замонавии 24-ошёнаи "GRAND RUDAKI TOWER" дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд мегардад. Ба сохтмони он ҶДММ “Себистон-2018” машғул мешавад.

Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ "Себистон-2018" бунёд ёфта, он дорои 141 ҳуҷра хоҳад буд ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт. Аз ҷумла, дар меҳмонхонаи панҷситорадор 2 ҳуҷраи Президентӣ, 30 ҳуҷраи люкс ва полулюкс, 20 утоқи дуҳуҷрагӣ ва 100-тои дигар ҳуҷраҳои стандартӣ бунёд мегардад.

Меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” дар кӯчаи Бохтар, 3 дарҳои худро боз намуда, сохтмони он ба уҳдаи ҶДММ “Рушди Осиё” вогузор шудааст. Меҳмонхонаи 16-ошёна дорои 80 адад ҳуҷраҳо хоҳад буд.

Ҳамаи меҳмонхонаҳои зикршуда бояд то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба ҳамаи меъёрҳои ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ бошанд. Ёдрас мекунем, ки давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи муосир бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст