Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон бозии даври якуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00.   ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон бозии даври якуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00.  

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6918 сомонӣ;

1 евро – 10.6804 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1457 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии хайру эҳсонкорӣ.

1941 – Ифтитоҳи Осорхонаи вилоятии таъриху кишваршиносии Хоруғ.

1960 — Дар Сталинобод корхонаи нави истеҳсоли семент ба истифода дода шуд.

2011 — Сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2-ро ба кор дароварданд.

2012 — Палатаи поёнии парлумон Кодекси нави андози Тоҷикистонро қабул намуд.

2012 — Бар асари сӯхтори калон дар бозори “Корвон”-и пойтахт ду нафар мардон ва як нафар зан ҳалок шуданд.

2018 — Дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин эстакада дар Тоҷикистон доир гардид.

1942 – Зодрӯзи генетик Мақсудҷон Маҳбубов.

1948 – Мавлуди олим Шафқатҷон Сулаймонов.

1949 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Нуриддин Абдураҳмонов.

1952 – Мавлуди доктори улуми таърих, профессор Гузал Майтдинова.

1952 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷонибек Акобиров.

1958 – Мавлуди ҳунарпешаи балет Ҳалима Алибоева.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.