Мероси Ҷӯрабек Муродов натанҳо аз суруду мусиқӣ иборат аст

Осорхонаи Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов соли 2006 дар Хуҷанд боз шуд. Дар бунёди он саҳми оилаи худи ҳунарманд басо арзанда аст, ки тӯли чандин солҳо бо ҷидду ҷаҳд аксҳову лавҳаи эълони консертҳо, асбобу сарулибос ва лавозимоти шахсии овозхонро ҷамъоварӣ кардааст. Директори осорхона, келини ҳунарманди мардумӣ Гулчеҳра Муродова дар чорабиниҳо ва лоиҳаҳои эҷодӣ фаъолона ширкат […]

Осорхонаи Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов соли 2006 дар Хуҷанд боз шуд. Дар бунёди он саҳми оилаи худи ҳунарманд басо арзанда аст, ки тӯли чандин солҳо бо ҷидду ҷаҳд аксҳову лавҳаи эълони консертҳо, асбобу сарулибос ва лавозимоти шахсии овозхонро ҷамъоварӣ кардааст.

Директори осорхона, келини ҳунарманди мардумӣ Гулчеҳра Муродова дар чорабиниҳо ва лоиҳаҳои эҷодӣ фаъолона ширкат меварзад.

Соли 2015 осорхона мақоми давлатиро соҳиб шуда, айни замон дар он беш аз 3200 ашёву нигораҳои марбут ба ҳаёту эҷодиёти сароянда маҳфузанд.

Самти асосии фаъолияти осорхона тарғиби ҳаёт ва эҷодиёти овозхони маъруф миёни толибилмони мактабу коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои мусиқӣ, ҳамчунин меҳмонон ва сайёҳони шаҳр аст.

Ба гуфтаи Муродова, нимаи моҳи октябр сарояндаи машҳур ният дорад, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон консертҳои пуршукӯҳ баргузор кунад.

Мавод дар доираи барномаи «Рузноманигорони мардумӣ», ки бо дастгирии  Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна – CAMP амалӣ мешавад, омода шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.