Қариб нисфи буҷети соли ояндаи Тоҷикистон ба бахши иҷтимоӣ равона мешавад

Соли оянда ба соҳаи иҷтимоии ҷумҳурӣ ба сурати умум 11 млрд. 310 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. “Дар муқоиса бо соли равон ин миқдор маблағ 310 млн. сомонӣ зиёдтар аст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, 43,2%-и воситаҳо аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ барои соли 2020 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Соли оянда ба соҳаи иҷтимоии ҷумҳурӣ ба сурати умум 11 млрд. 310 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

“Дар муқоиса бо соли равон ин миқдор маблағ 310 млн. сомонӣ зиёдтар аст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, 43,2%-и воситаҳо аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ барои соли 2020 ба бахши иҷтимоӣ равона мешавад.

Соли 2021 ҳукумат ҷудо кардани 12 млрд. сомониро ба соҳаи иҷтимоӣ пешбинӣ кардааст. Дар соли 2022 ин рақам ба 13,5 млрд. сомонӣ мерасад.

Зимнан зикр шуд, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” мавриди баррасии ҳукумат қарор дошта, то охири ҳамин моҳ ба парлумони кишвар пешниҳод мешавад.

Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии буҷети давлатӣ барои соли 2019 дар ҳаҷми беш аз 23 млрд. 774 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, маблағгузорӣ ба мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ – зиёда аз 1,2 млрд. сомонӣ, соҳаҳои маориф – наздики 4,4 млрд. сомонӣ ва тандурустӣ – беш аз 1,7 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Хароҷот барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳаҷми ҳудуди 3,7 млрд. сомонӣ, чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва солимгардонӣ – 740 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, экология ва хоҷагии ҷангал – 962 млн. сомонӣ дар назар аст.

Ба комплекси таъминот бо сӯзишворӣ ва энергетика ҷудо гардидани беш аз 4,1 млрд. сомонӣ, бахши кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 915 млн. сомонӣ, саноат ва сохтмон – 150 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия – зиёда аз 1,7 млрд. сомонӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоду хизматгузорӣ – наздики 46 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағи дигар хароҷот дар ҳаҷми наздики 2,6 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳаҷми ниҳоии каср (камбуд)-и Буҷети давлатӣ барои соли 2019 ба андозаи 0,5% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё худ ҳудуди 391 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.