Иштироки 11 намояндаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини озод ва юнонӣ-римӣ

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон аз 14 то 22 сентябр Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини озод, юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон доир мегардад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рақобатҳо барои дарёфти медалҳо дар навъи гуштини озод аз Тоҷикистон Муҳаммад Икромов (57кг), Ҷамшед Шарипов (61кг), Абдулқосим Файзиев (65кг), Баҳодур Қодиров  (86кг), […]

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон аз 14 то 22 сентябр Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини озод, юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон доир мегардад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рақобатҳо барои дарёфти медалҳо дар навъи гуштини озод аз Тоҷикистон Муҳаммад Икромов (57кг), Ҷамшед Шарипов (61кг), Абдулқосим Файзиев (65кг), Баҳодур Қодиров  (86кг), Искандари Рустам (97кг) ва Фарҳод Анақулов (125кг) қувваозмоӣ мекунанд.

Дар навъи гуштини юнонӣ-римӣ Тоҷикистонро Ислом Мазитов (60кг), Мубинҷон Аҳмедов (67кг), Ҳабибҷон Зуҳуров (72кг), Муҳаммад Исмоилов (77кг) ва Тоҳир Охонов (87кг) намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, намояндагони Тоҷикистонро сармураббиён Олимов Абдурозиқ ва Беков Фаррух ҳамроҳӣ доранд.

Зикр мегардад, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини варзишӣ аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад. Варзишгароне, ки дар вазнҳои олимпӣ то ҷои шашумро ишғол мекунанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.