Усмон Тошев: дар бозӣ бо Қирғизистон вазифаи мо танҳо ғолиб омадан аст

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, мутахассиси ӯзбек Усмон Тошев пеш аз вохӯрӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бозии даври якуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» изҳор намуд, ки дар ин вохӯрӣ вазифаи онҳо танҳо ғалаба ба даст овардан ва муваффақона идома додани дигар бозиҳои ин марҳилаи […]

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, мутахассиси ӯзбек Усмон Тошев пеш аз вохӯрӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бозии даври якуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» изҳор намуд, ки дар ин вохӯрӣ вазифаи онҳо танҳо ғалаба ба даст овардан ва муваффақона идома додани дигар бозиҳои ин марҳилаи интихобӣ аст.

“Кӯшиш мекунем, ки мухлисонамонро хурсанд кунем. Даста омода аст, бо рӯҳияи қавӣ ба бозӣ бо Қирғизистон омодагӣ мегирем. Рақибро худ омӯхтем. Дастаи таҷрибанок аст ва дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2019 дар Амороти Муттаҳидаи Араб хуб бозӣ кард”, – оварда мешавад гуфтаҳои ӯ дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Александр Крестинин, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон дар навбати худ изҳор намуд, ки бозӣ бо тими Тоҷикистон хоҳ дар Душанбе ва хоҳ дар Бишкек ҷолибу шавқовар сурат мепазирад.

“Ман чунин намешуморам, ки вохӯрӣ бо Тоҷикистон бозии ҳалкунанда аст. Лаҳзаи ҳалкунанда замони анҷоми марҳилаи интихобӣ фаро мерасад. Оғози мусобиқаи интихобӣ ҳамеша ҳаяҷоновар аст, на бештар аз он”, – гуфтааст Крестинин.

Ёдрас мекунем, ки бозии даври якуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон имрӯз, 5-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.