Сохторҳои қудратӣ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат мегузаранд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон шурӯъ аз 7-уми сентябр ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд. Ин тадбир ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ марбут аст. Дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ва сарҳади давлатии Тоҷикистон тадбирҳои пурзӯри амниятӣ ба роҳ монда мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як […]

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон шурӯъ аз 7-уми сентябр ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд. Ин тадбир ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ марбут аст.

Дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ва сарҳади давлатии Тоҷикистон тадбирҳои пурзӯри амниятӣ ба роҳ монда мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ.

“Дастаҳои бо нерӯҳои иловагӣ ва техника пурзӯршудаи кормандони сохторҳои қудратӣ макони издиҳоми мардум, кӯчаву хиёбону боғ ва биноҳои муҳимро мунтазам зери назорат хоҳанд дошт”, – қайд кард манбаъ.

Реҷаи пурзӯри адои хизмати кормандони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ то 13-уми сентябр идома меёбад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 9-уми сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ба муносибати ҷашни Истиқлолият ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун намоиши театришуда баргузор мешавад. Шоми 11-уми сентябр дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб консерти идона доир мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.