Телевизиони Русия Махачқалъаро Душанбеву тоҷиконро доғистониҳо номид

Шабакаи телевизиони “Звезда”-и Русия навори видеои мухлисони Ҳабиб Нурмагомедовро дар Душанбе раҳпаймоии ҳаводорони ӯ дар Махачқалъа номид. Дар гузориши “Ҳабиб, Ҳабиб!”: Дар Доғистон ғалабаи Нурмагомедовро ҷашн мегиранд” дар шабакаи телевизион навори видео аз кӯчаҳои Душанбе намоиш дода шуд. “Дар Доғистон пирӯзии ҳамдиёри худро ҷашн мегиранд. Дар кадрҳо дида мешавад, ки издиҳоми мардум ба кӯчаҳои марказии […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Шабакаи телевизиони “Звезда”-и Русия навори видеои мухлисони Ҳабиб Нурмагомедовро дар Душанбе раҳпаймоии ҳаводорони ӯ дар Махачқалъа номид.

Дар гузориши “Ҳабиб, Ҳабиб!”: Дар Доғистон ғалабаи Нурмагомедовро ҷашн мегиранд” дар шабакаи телевизион навори видео аз кӯчаҳои Душанбе намоиш дода шуд.

“Дар Доғистон пирӯзии ҳамдиёри худро ҷашн мегиранд. Дар кадрҳо дида мешавад, ки издиҳоми мардум ба кӯчаҳои марказии Махачқалъа баромада, бо фарёди номи варзишгар паҳлӯи мошинҳо қадам мезананд. Бар асари сайругуштҳои оммавӣ дар шаҳр ҳодисаҳои ҷиддии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд омад”, – шарҳ дода мешавад дар навори видео аз кӯчаҳои Душанбе дар сомонаи шабакаи телевизионӣ.

Скриншот аз сомонаи шабакаи телевизиони “Звезда”-ро дар Facebook корбар Фирдавс Намозов гузошта, афсӯс мехӯрад, ки “агар мо ин гуна ба варзишгарони худамон мухлисӣ мекардем, кайҳо нисбат ба мо муносибати мусбат мекарданд, лекин мо танҳо ба масхараи амалҳои нодурусти ҳамдиёрони худ қодирем”.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки шаби ғалабаи Ҳабиб Нурмагомедов ҳарчанд мухлисонаш пирӯзиашро бошукӯҳ ҷашн гирифта бошанд ҳам, дар пойтахт ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.