Дар Душанбе пойгаи аспдавонӣ доир мешавад

Ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ доир мегардад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ба Сарраёсати молияи шаҳрдорӣ дастур дода шудааст, ки барои баргузории ин чорабинӣ 51,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кунад. Гуфта мешавад, тибқи […]

Ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ба Сарраёсати молияи шаҳрдорӣ дастур дода шудааст, ки барои баргузории ин чорабинӣ 51,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кунад.

Гуфта мешавад, тибқи қарор роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Қобили зикр аст, ки ба мусобиқа беҳтарин аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ дар маҷмаии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе соати 15:00-и рӯзи 14 сентябр оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.