Бори аввал дар Тоҷикистон: ҳамоиши 34 сухангӯ аз ИМА ва ОМ дар Фестивали Go Viral 2019

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон эълон кардааст, ки фестивали ҳарсолаи Go Viral бори аввал дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 14 ва 15 сентябри соли 2019 дар Маркази Исмоилия баргузор мегардад.  Рӯзи шанбе, 14-уми сентябр фестивал аз соати  12:00 то 18:00 ва рӯзи якшанбе, 15-уми сентябр – аз 10:00 то 17:00 баргузор мешавад. Go Viral фестивали байналмилалист, ки навоварони ВАО, […]

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон эълон кардааст, ки фестивали ҳарсолаи Go Viral бори аввал дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 14 ва 15 сентябри соли 2019 дар Маркази Исмоилия баргузор мегардад. 

Рӯзи шанбе, 14-уми сентябр фестивал аз соати  12:00 то 18:00 ва рӯзи якшанбе, 15-уми сентябр – аз 10:00 то 17:00 баргузор мешавад.

Go Viral фестивали байналмилалист, ки навоварони ВАО, бизнес ва технологияҳои Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои омӯхтани тамоюлҳои навтарин ва ғояҳои пешвоёни афкори соҳаҳои гуногун муттаҳид мекунад. Сухангӯёни фестивал мутахассисони фаъол ва эҷодкор аз ИМА ва Осиёи Марказӣ мебошанд.

Go Viral майдони мусоидест, ки дар он одамон метавонанд мубодилаи ғояҳо кунанд, дар якҷоягӣ барои рафъи мушкилот фаъолият баранд ва ба ҳамдигар илҳом бахшанд, то ки якҷоя эҷод намоянд.

Ҳангоми муошират бо зиёда аз 34 нафар сухангӯён аз Иёлоти Муттаҳида ва Осиёи Марказӣ, иштирокдорони фестивал дар бораи он маълумот пайдо мекунанд, ки чӣ тавр фановариҳои навин метавонанд ба тарзи пешбарии тиҷорат, дарк кардани фарҳангу ҳунар, мубодила ва дарёфти иттилоот таъсир расонанд.

Ҷаласаҳои ҷудогона, семинарҳо, баромадҳои мусиқӣ, намоиши филмҳо дар барномаи се бахши зерини фестивал: ВАО, бизнес ва технология хоҳанд буд. Сухангӯён мавзӯъҳои зеринро ба монанди монетизатсияи бизнес, эҷоди мавод бо мавзӯъ ва мундариҷаи тиҷоратӣ, василаҳои нави ВАО, гузориш, таҳлил ва коркарди маълумот, оғози соҳибкорӣ ва ғайра баррасӣ мекунанд.

Саҳифаҳои иҷтимоии моро дар Facebook, Instagram ва Telegram ва бо хештеги #GoViralTj пайгирӣ намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.