Дарвоз: ҳалокати 2 кас бар асари ба дарё чаппа шудани мошин

Дар шарқи ҷумҳурӣ садамаи нақлиёти марговар рух дод. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба иттилои манбаъ, соати тахминан 22:20 дақиқаи рӯзи 10-уми сентябр дар қаламрави деҳаи Зиғар-Яхчисори ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи “Чакман” ба дарё сарозер шудааст. “Ронандаи 56-солаи автомашина, сокини ноҳияи Ванҷ Нозимшо Худойдодов аз уҳдаи идораи воситаи […]

Дар шарқи ҷумҳурӣ садамаи нақлиёти марговар рух дод. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, соати тахминан 22:20 дақиқаи рӯзи 10-уми сентябр дар қаламрави деҳаи Зиғар-Яхчисори ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи “Чакман” ба дарё сарозер шудааст.

“Ронандаи 56-солаи автомашина, сокини ноҳияи Ванҷ Нозимшо Худойдодов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба дарёи Панҷ чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда ва Хушбахт Бачабекови 19-сола, сокини деҳаи Барвани ноҳияи Ванҷ дар дарёи Панҷ ғарқ шуданд”, – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти ВКД.

Ҷустуҷӯйи ҷасадҳои дар дарё ғарқшудагон идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.