Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад; – Журналист ва продюсери лоиҳаи “Салом соседи!” (Asia-Plus) Маҳпора Киромова дар #JLab-и навбатӣ шуморо бо тарзу усули таҳияи маводи чандрасонаӣ, пешниҳоди хуб ва бастубанди босаводонаи […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад;

– Журналист ва продюсери лоиҳаи “Салом соседи!” (Asia-Plus) Маҳпора Киромова дар #JLab-и навбатӣ шуморо бо тарзу усули таҳияи маводи чандрасонаӣ, пешниҳоди хуб ва бастубанди босаводонаи он шинос мекунад. Барои иштирок бо суроғаи https://forms.gle/kBaL8ikyPnk43xh47 бақайдгирӣ ҳатмӣ аст. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба телефони +992 939393290 муроҷиат карда метавонед. Чорабинӣ дар қаҳвахонаи Parking доир мегардад. Оғоз соати 13:00;

– Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Екатеринбург муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар даври 1/финалӣ бо намояндаи Фаронса Софян Умиа рақобат мекунад;

– Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштигирӣ дар Қазоқистон паҳлавонони тоҷик ба қувваозмоиҳои худ идома медиҳанд.    

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6890 сомонӣ;

1 евро – 10.6899 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1510 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1934 – Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм нахустин муолиҷакунандагонро қабул кард.

 1992 — Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

2018 — Дар Тоҷикистон меъёрҳои истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ қабул шуд.

1912-2001 – Зодрӯзи Георгий Менглет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, иҷрокунандаи нақши У.Черчилл.

1938 – Мавлуди сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мустафоқул Муртазоев.

1948 – Зодрӯзи Фаррух Қосимов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

1954 – Мавлуди раиси палатаи поёнии парлумони ҶТ Шукурҷон Зуҳуров.

1954 – Зодрӯзи доктори илми тиб, профессор Тӯйчӣ Абдуфаттоҳов.

1947 – Мавлуди публисист  Саидаҳмади Қаландар.

1956 – Зодрӯзи нависанда Тӯлқин Хоҷа.

1957 – Мавлуди журналист Шукрисоҳиб Раҳматуллоев.

1958 – Зодрӯзи  оҳангсоз Ворис Абдураҳмонов.

1967 – Мавлуди олим Зулфия Мирзода.

1976 – Зодрӯзи олими соҳаи тиб Шаҳноза Холова.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.