Изҳороти Қирғизистон дар бораи сохтмони гузаргоҳи назоратӣ дар роҳи Исфара-Ворух

Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон расман изҳор дошт, ки дар роҳи мошингарди Исфара-Ворух постгоҳи назоратӣ (КПП) месозад, чунки он қаламрави Қирғизистон аст. “Роҳи мошингарди Ош-Ботканд-Исфана барои ҳаракати нақлиёт боз аст. Қирғизистон ба корҳои асфалтпӯш кардани роҳи Кӯк-Тош-Оқ-Сой идома дода, Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон дар мавзеи Дачаи маҳаллаи аҳолинишини Оқсойи ноҳияи Ботканд (тариқи ин мавзеъ ягона роҳ ба ҷамоати Ворухи […]

Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон расман изҳор дошт, ки дар роҳи мошингарди Исфара-Ворух постгоҳи назоратӣ (КПП) месозад, чунки он қаламрави Қирғизистон аст.

“Роҳи мошингарди Ош-Ботканд-Исфана барои ҳаракати нақлиёт боз аст. Қирғизистон ба корҳои асфалтпӯш кардани роҳи Кӯк-Тош-Оқ-Сой идома дода, Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон дар мавзеи Дачаи маҳаллаи аҳолинишини Оқсойи ноҳияи Ботканд (тариқи ин мавзеъ ягона роҳ ба ҷамоати Ворухи Тоҷикистон мегузарад, – Идора) гузаргоҳи назоратӣ месозад”, – хабар додаанд ба ВАО аз хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мондааст. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳо миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали роҳбари Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон Абдукарим Алимбоев дар суҳбат бо 24.kg хабар додааст, ки гузаргоҳи назоратӣ дар қаламрави Қирғизистон бунёд мешавад.

“Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, дар мавзеи Дача воқеан ҳам гузаргоҳи назоратӣ сохта мешавад, он пештар ҳам дар ин ҷо буд. Гуфтаниям, ки ин постгоҳ дар қаламрави Қирғизистон қарор дорад. Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон дар қитъаи мувофиқанашудаи сарҳад корҳои хоҷагидорӣ мегузаронад”, – гуфтааст ӯ.

Қаблан аз шаҳрдории Исфара ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки “сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло дар ин қитъаи роҳи қаламрави худ сангрезаву шағал рехтанд, аммо ВАО-и Қирғизистон аз ин кор ҳангома сохтанд”.

Айбдоркуниҳои мутақобила

Як манбаи огаҳ аз қазия дар ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар ин маврид гуфтушунидҳо ҷараён дошта, лекин ҷониби Қирғизистон ҳамаи қарордодҳоро дағалона вайрон мекунад ва ҷойе, ки постгоҳ сохта мешавад, қаламрави Қирғизистон нест.

“Аввалан, ин қаламрави баҳсӣ буда, тибқи созишнома, сохтмони ҳама гуна иншоот дар он манъ аст. Қаблан ин қаламрав чойхонаи бригадаи №18-и совхози Чоркӯҳ буд, онҳо ин ҷоро ғасб карда, “Дача” ном мебаранд. Дуюм, дар он ҷо ҳеҷ гоҳ байни давлатҳо гузаргоҳи назоратӣ вуҷуд надошт. Ғайр аз ин, постгоҳ дар сарҳади байни давлатҳо сохта мешавад, лекин он ҷо ҳоло сарҳад муайян нашудааст. Ё худи онҳо мустақилона хати сарҳадро муайян кардаанд? Ҳамин тариқ, онҳо ҳамаи қарордод ва меъёрҳоро дағалона вайрон мекунанд”, – гуфт манбаъ.

Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ин масъаларо то ҳол расман шарҳ надодаанд. Дар ин ҷо ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки вазъро дар ин қитъаи сарҳад зери назорат дошта, баъдан хабари расмӣ пешниҳод мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати шаҳри Исфара аз нияти Қирғизистон бобати сохтмони гузаргоҳи назоратӣ дар роҳи Исфара-Ворух, дар баромад аз деҳаи Хоҷаи Аъло изҳори нигаронӣ кард. Дар ҳамин ҳол, Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон Тоҷикистонро дар сохтмони иншооти мувофиқанашуда дар қитъаи номуайяни марз, дар мавзеи Жака-Оруқ (Торт-Кочо)-и ноҳияи Ботканд айбдор мекунад. Аз шаҳрдории Исфара хабар доданд, ки сокинони маҳаллӣ дар ин ҷо иншооти варзишӣ сохтанианд ва итминон доданд, ки ин қаламрави Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин рӯзи 14-уми сентябр дар дигар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша ба вуқӯъ пайвастааст. Бино ба иттилои Хабаргузории «SugdNews», гурӯҳи ҳарбиёни қирғиз ба қаламрави ҷамоати Овчӣ Қалъача ворид шудаанд, то ки ба сохтмони манораҳои мушоҳидавӣ дар қаламрави худ аз ҷониби сарҳадбонони Тоҷикистон монеа эҷод кунанд. Тибқи маълумоти ВАО-и Қирғизистон, сокинон аз сохтмони иншоот дар мавзеи “Майдони футбол” (Футбольное поле) дар қитъаи баҳсӣ норозигӣ изҳор кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.