Кӯдакони заҳролудшударо бо чархбол аз Фархор ба Душанбе оварданд

Дар ноҳияи Фархор аз истеъмоли рустании номуайян ду кӯдаки 6 ва 8-сола фавтиданд. Боз чаҳор нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Онҳоро бо чархбол ба Душанбе интиқол доданд. Кӯдакони заҳролудшуда айни замон дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” (Қарияи боло) бистариянд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Фархор аз истеъмоли рустании номуайян ду кӯдаки 6 ва 8-сола фавтиданд. Боз чаҳор нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Онҳоро бо чархбол ба Душанбе интиқол доданд.

Кӯдакони заҳролудшуда айни замон дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” (Қарияи боло) бистариянд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ доданд.

“Ҳамаи кӯдакон аз як оила мебошанд. Аҳли ин хонавода сокини ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор буда, кӯдакон дар пахтазор рустании заҳрогинро истеъмоли кардаанд. Ду фарзанди ин оила – Азизуллои 6-сола ва Сумайяи 8-сола ҷон бохтанд. Айни ҳол Маҳмадуллои 4-сола, Мадинаи 9-сола, Умедаи 5-сола ва  Мунира Сафароваи 3-сола дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ буда, ба онҳо пизишкони ботаҷриба кумаки тиббӣ мерасонанд”, – иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ.

Дар маркази матбуот ҳамчунин гуфтанд, ки намунаи рустании заҳрогин барои таҳқиқот ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ оварда шудааст.  Зимнан таркиби он ва сабаби заҳролудшавӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.