РВКД: сабаби кордкашии хунини донишҷӯён хусумат аз даврони мактабист

Хусумат аз даврони мактабӣ ба кордкашӣ ва куштори ҷавони 17-сола дар кӯчаи Борбади пойтахт боис шуд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷузъиёти ин фоҷеа ба “Азия-Плюс” маълумот дод. Тавре маълум шуд, гумонбаршуда ба куштор Убайдулло Қурбонов ва марҳум Дилмурод Фозилов ҳар ду дар мактаби №60-и ноҳияи Сино таҳсил карда, аз замони мактабхонӣ нисбат ба […]

Баҳманёр Нодиров

Хусумат аз даврони мактабӣ ба кордкашӣ ва куштори ҷавони 17-сола дар кӯчаи Борбади пойтахт боис шуд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷузъиёти ин фоҷеа ба “Азия-Плюс” маълумот дод.

Тавре маълум шуд, гумонбаршуда ба куштор Убайдулло Қурбонов ва марҳум Дилмурод Фозилов ҳар ду дар мактаби №60-и ноҳияи Сино таҳсил карда, аз замони мактабхонӣ нисбат ба ҳамдигар душманиву хусумат доштаанд.

“Ҳар ду ба Донишгоҳи давлатии тиҷорат дохил мешаванд. Он рӯз онҳо дар мусофиркаши хурд (микроавтобус) ҳамроҳ ба дарс рафта, миёнашон муноқиша сар задааст. Дар роҳ ба донишгоҳ Қурбонов бо баҳонаи “гап доштан” Фозиловро ба гӯшае бурда, ба  қисмати дили ӯ бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа Дилмурод дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад”, – мегӯяд манбаъ.

Дар Раёсати милитсияи пойтахт хабар доданд, ки замони рух додани ҳодиса дӯстони ҷавонон низ ҳузур дошта, ба ҷанҷолу куштор монеа нашудаанд.

“Ҳангоми рух додани ҳодиса ҳамсабақонашон Абдухолиқ Ғафурзода ва Кабир Шарифов, ҳамчунин донишҷӯйи Литсейи касбӣ-техникӣ Давлат Ғайбуллоев низ ҳамроҳи онҳо будаанд. Ҳоло даст доштани онҳо ба ин ҳодиса мавриди омӯзиш қарор дорад”, – қайд карданд дар Раёсати ВКД.

Гумонбаршуда Қурбонов дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон боздошт шуд. Нисбат ба ӯ бо моддаҳои 237 (Авбошӣ) ва 102 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар мавриди овозаҳо дар бораи гӯё писари роҳбари яке аз раёсатҳои РБДА-и ҷумҳурӣ будани Қурбонов дар милитсияи пойтахт чунин посух доданд: “Мо чунин маълумот надорем”.

Дилмурод Фозилови марҳум ягона писари хонадон буд. Падараш чанд сол пеш вафот карда, модараш дар Маркази ҷумҳуриявии солимии “Шифобахш” (Қарияи Боло) ба ҳайси фаррош кор мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.