АНОНС
– “Наврасони тоҷик дар бораи чӣ хомӯширо авло медонанд?” – дар ин бора дар Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” (хиёб Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 2-юм) тернинги расонаӣ доир мегардад. Оғоз соати 14:30. Саволҳои иловагӣ тариқи телефони (992) 98-103-1662;
– Мактаби тиҷорати 55 GROUP ва Клуби соҳибкорони ҷавон аз лоиҳаи “Соҳибкори ҷавон” – Demo Day!!! натиҷагирӣ мекунанд. Ба лоиҳа беш аз 70 лоиҳаи тиҷоратӣ пешниҳод шуда, танҳо лоиҳаҳои беҳтарин интихоб ва барои зинаҳои ҷоизавӣ рақобат мекунанд. Даври финалӣ дар Parking (кӯч. Шотемур, 42) баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00;
– Дар Душанбе дар доираи синамобазми “Дидор” дар кинотеатри “Зебуннисо” намоиши филмҳо доир мегардад. Тамошои филмҳо бепул аст. Барномаи филмҳои иштирокдори синамобазми “Дидор-2019” дар торнамои расмии ин фестивали байнулмилалӣ didoriff.tj дастрас аст.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6929 сомонӣ;
1 евро – 10.7727 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1513 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1922 – Таъсиси ширкати радиошунавонии бритониёии ВВС.
1996 – Анҷоми корҳои таҷдиди хатти парвозу нишасти фурудгоҳи Душанбе.
2013 — Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳифзи солимии аҳолӣ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он тамоми муассисаҳои тиббӣ бояд ҳатман аз қайд гузаранд.
1918-1990 – Зодрӯзи актёр ва коргардон, Ҳунарпешаи шистаи Тоҷикистон Саъдулло Каримов.
1939 — Мавлуди шоир ва тарҷумон Аслам Адҳам
1962 – Зодрӯзи собиқ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб.
Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 18 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


