Боздошти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ барои порагирӣ

Кормандони мақомоти зиддифасод дар вилояти Суғд роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммадҷон Идизодаро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт карданд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, Идизода дар кабинеташ ҳангоми гирифтани 12,5 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст. “Муҳаммадҷон Идизодаи 29-сола аз сокини маҳаллӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Кормандони мақомоти зиддифасод дар вилояти Суғд роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммадҷон Идизодаро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, Идизода дар кабинеташ ҳангоми гирифтани 12,5 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.

“Муҳаммадҷон Идизодаи 29-сола аз сокини маҳаллӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони нуқтаи фурӯш дар маркази ноҳия 25 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст”, – гуфт манбаъ.

Нисбат ба Идизода мутобиқи моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, тӯли 9 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 444 ҷинояти марбут ба коррупсия, аз ҷумла, 106 қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.