АНОНС
– Дар машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар Тоҷикистон бо иштироки беш аз се ҳазор ҳарбиён аз Тоҷикистону Арманистон, Беларусу Қазоқистон ва Қирғизистону Русия тамринҳои низомии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ “Бародарии шикастнопазир” ҷараён доранд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6958 сомонӣ;
1 евро – 10.8273 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1519 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
2001 – Дар Душанбе мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистон Э.Раҳмонов, В.Путин ва Б.Раббонӣ баргузор шуд.
2013 — Ҳукумати Русия дароз кардани муҳлати будубоши муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро маъқул шуморид.
2018 — Президент қитъаи роҳи таъмиру навсозишудаи Хуҷанд – Исфараро дар вилояти Суғд ба истифода дод.
1903-1981 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сангалӣ Хоҷаев.
1937 – Мавлуди дирижёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Азиз Ниёзмамадов.
Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 22 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


