Чаро аз ТВ рекламаи нӯшокиҳои газдор гум шуд?

Дар ҳамаи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аллакай як ҳафта инҷониб намоиши навори таблиғии «Coca-Cola» боздошта шудааст, ҳатто дар барномаҳое, ки ин ширкат онҳоро маблағгузорӣ мекунад. Дар яке аз шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки онҳо ба рекламаи чунин нӯшокиҳо мухолиф нестанд, аммо дар Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ намоиши ин наворҳоро ба онҳо […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар ҳамаи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аллакай як ҳафта инҷониб намоиши навори таблиғии «Coca-Cola» боздошта шудааст, ҳатто дар барномаҳое, ки ин ширкат онҳоро маблағгузорӣ мекунад.

Дар яке аз шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки онҳо ба рекламаи чунин нӯшокиҳо мухолиф нестанд, аммо дар Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ намоиши ин наворҳоро ба онҳо манъ кардаанд.

“Аслан, Кумита намоиши наворҳои рекламаи нӯшокиҳои «Coca-Сola»-ро дар телевизион манъ кард. Сабаби он ба мо номаълум аст. Баръакс, мо ба намоиши ин реклама манфиатдорем, чунки сарчашмаи даромади иловагӣ барои мо мебошад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи рекламаи шабакаи дигари телевизион.

Дар Кумитаи телевизион ва радио маълумотро дар бораи манъ кардани пахши чунин наворҳо тасдиқ карда, аз шарҳи сабаби он худдорӣ варзиданд.

“Рекламаи ҳамаи нӯшокиҳои газдор манъ аст. Рекламаи нӯшокиҳои зараровар ва маҳсулоти бе сертификати мутобиқат, ҳамчунин рекламаи нӯшокиҳои спиртӣ дар телевизион манъ аст. Барои дарёфти маълумоти муфассал дар ин хусус ба раҳбарияти Кумита муроҷиат кунед”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс”дар шуъбаи тиҷоратии Кумитаи радио ва телевизион.

Мо ба қабулгоҳи раиси Кумита занг задем, аммо дар он ҷо боз тавсия доданд, ки ба шуъбаи тиҷоратӣ муроҷиат кунем.

Бехабарии рекламадиҳандагон

Онҳо дар бораи сабабҳои манъи рекламаи нӯшокиҳои газдор чизе намедонанд ва ба мактуби фиристодаашон дар ин бора посухи расмиро мунтазиранд.

“Моро дар бораи манъи рекламаи «Coca-Сola» дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон огоҳ накарданд. То ҷое, ки воқифем, манъ реклама ба ҳамаи нӯшокиҳои газдор ва энергетикҳо дахл дорад. Доир ба сабабҳои монеагузорӣ посухи расмӣ гирифтан муяссар нашуд. Дар ин бора бо номаи расмӣ муроҷиат карда, акнун ҷавобашро мунтазирем”, – иттилоъ доданд ба “Азия-Плюс” дар агентии TAG, ки ба рекламаи маҳсулоти «Coca-Сola» дар Тоҷикистон машғул аст.

Чун масъаларо расман шарҳ намедиҳанд, дар ҷомеа фарзияҳои гуногуни он баррасӣ мешавад. Бархе тахмин мезананд, ки ин ба мубориза бо фарбеҳӣ дар кишвар рабт дорад.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи сентябр ин масъала дар ҷаласаи навбатии ҳукумат таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд. Зимнан дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.

“Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, зеро фарбеҳӣ аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои оддӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст”, – хабар дода буд он замон хадамоти матбуоти раисҷумҳур.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.