Хатсайри нави мусофиркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Хатсайри нави автобус аз шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон ба шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Тавре хабаргузори УзА иттилоъ медиҳад, ин хатсайр рӯзи 19-уми октябр ифтитоҳ шуда, масофаи роҳаш 84,5 километр аст. Интиқоли мусофирон бо автобусҳои тамғаи Isuzu, ҳамчунин микроавтобусҳо анҷом дода мешавад. Нархи чипта 23 000 сӯм (2,5 доллар) муқаррар шудааст. Қаблан байни Тоҷикистону […]

Хатсайри нави автобус аз шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон ба шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Тавре хабаргузори УзА иттилоъ медиҳад, ин хатсайр рӯзи 19-уми октябр ифтитоҳ шуда, масофаи роҳаш 84,5 километр аст. Интиқоли мусофирон бо автобусҳои тамғаи Isuzu, ҳамчунин микроавтобусҳо анҷом дода мешавад. Нархи чипта 23 000 сӯм (2,5 доллар) муқаррар шудааст.

Қаблан байни Тоҷикистону Ӯзбекистон якчанд хатсайри мусофиркашонӣ бо автобусҳо роҳандозӣ шуда буд, аз ҷумла, “Тошканд-Хуҷанд”, “Фарғона-Хуҷанд”, “Тирмиз-Душанбе”, “Деҳнав-Душанбе”, “Самарқанд-Панҷакент” ва ғайра. Вале айни замон на ҳамаи ин хатсайрҳо фаъоланд.

Равуои автобусҳои мусофирбар байни кишварҳо соли 1992 дар робита ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ гардид. Дар баробари беҳбуди муносибатҳо байни ду кишвар равуои мусофирон низ бештар шуд.

Аввалин автобуси мусофиркашонӣ моҳи майи соли 2018 дар хатсайри Тошканд-Хуҷанд-Тошканд ба интиқоли мусофирон шурӯъ кард.

Қобили зикр аст, ки шумори бештари хориҷиёни ба ҷумҳурӣ тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ воридшуда аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон – 600,1 ҳазор нафар ё худ 63,4% аз ҳаҷми умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ қариб 950 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар ин давра ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.