Таъсиси муассисаи алоҳида барои таъмини кори нақбҳои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон муассисаи нави давлатӣ таъсис дода мешавад, ки ба таъмини кори нақбҳо, шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ва чароғакҳо дар роҳҳои мошингарди таъиноти байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ машғул хоҳад шуд. Бо қарори худ аз 4-уми октябр ҳукумат ба сохторҳои марбута дар бораи таъсиси ин муассиса дастур додааст. Дар санад гуфта мешавад, муассисаи нав “бо мақсади рушди соҳаи таъмини […]

Дар Тоҷикистон муассисаи нави давлатӣ таъсис дода мешавад, ки ба таъмини кори нақбҳо, шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ва чароғакҳо дар роҳҳои мошингарди таъиноти байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ машғул хоҳад шуд.

Бо қарори худ аз 4-уми октябр ҳукумат ба сохторҳои марбута дар бораи таъсиси ин муассиса дастур додааст.

Дар санад гуфта мешавад, муассисаи нав “бо мақсади рушди соҳаи таъмини кори роҳҳои автомобилгард ва беҳбуди истифода аз иқтидорҳои нави техникии бунёдшуда” таъсис дода мешавад.

Ба Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ҳаллу фасли масоили тадорукотӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ба Вазорати молия маблағгузории фаъолияти ин муассиса супориш дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти ҳукумат, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ панҷ нақб бо масофаи умумии 18 километр сохта шудааст. Барои бунёди иншоот дар маҷмӯъ беш аз 248 млн. доллар сарф шудааст.

Ҳанӯз соли 2017 муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ба “камбудиҳои ҷиддӣ” дар таъмини кори ҳамаи нақбҳо ишора карда буд.

“Камераҳои мушоҳидавӣ, назорати компютерии вазъи дохили нақб, маҷмааҳои ҳаводиҳӣ бояд дар ҳолати кории доимӣ қарор дошта бошанд. Дар нақбҳои “Хатлон”, “Озодӣ”, “Истиқлол” ва “Шаҳристон” қисме аз фурӯзонакҳову ҳавотозакунакҳо ва қариб ҳамаи нуқтаҳои сӯхторнишонӣ ниёз ба иваз кардан доранд”, – гуфта буд ӯ.

Таъкид гардида буд, ки сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини коршоямии техникаю таҷҳизот ба талабот ҷавобгӯ набуда, мутахассисон ниёз ба бозомӯзӣ доранд.

Муовини сарвазир бо мақсади бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод. Ба Вазорати нақлиёт дастур дода шуд, ки ба корҳои таъсиси муассисаи алоҳидаи нигаҳдории нақбҳо суръат бахшад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.