Занозании муҳоҷирон дар таваққуфгоҳи мошинҳои Красногорск

Дар деҳаи Дмитровское наздикии Красногорск байни шаҳрвандони Тоҷикистон занозанӣ рух додааст. Дар ин бора "Комсомольская правда" бо истинод ба манбаъҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад. Нашрия менависад, ҳодиса рӯзи 20-уми октябр дар таваққуфгоҳи нақлиётии назди мағозаи “Гастроном №8”, воқеъ дар деҳаи Дмитровское наздикии Красногорск ба амал омад. Муноқишаи байни ду гурӯҳи мардон ба занозании дастаҷамъона […]

Дар деҳаи Дмитровское наздикии Красногорск байни шаҳрвандони Тоҷикистон занозанӣ рух додааст. Дар ин бора "Комсомольская правда" бо истинод ба манбаъҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.

Нашрия менависад, ҳодиса рӯзи 20-уми октябр дар таваққуфгоҳи нақлиётии назди мағозаи “Гастроном №8”, воқеъ дар деҳаи Дмитровское наздикии Красногорск ба амал омад. Муноқишаи байни ду гурӯҳи мардон ба занозании дастаҷамъона бо истифода аз корд табдил шудааст.

Гуфта мешавад, дар муноқиша 11 нафар – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок кардаанд. Панҷ нафар аз захми корд бистарии бемористон шудаанд. Як каси дигар ҷароҳати сабук бардоштааст.

Ҳамаи шаш нафар осебдидагон шаҳрвандони синни аз 21 то 31-солаи Тоҷикистон мебошанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.