Таъсиси муассисаи нигоҳдории нақбҳо дар назди Вазорати нақлиёт

Чанде қабл муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи воқеии нигоҳдории нақбҳои амалкунанда дар роҳҳои автомобилгарди кишвар ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муовини сарвазири кишвар зикр намуд, ки новобаста аз мушкилиҳои молиявӣ, зарурати иқтисодиву сиёсӣ водор сохта буд, ки бо мақсади дар тамоми фасли сол […]

АМИТ «Ховар»

Чанде қабл муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи воқеии нигоҳдории нақбҳои амалкунанда дар роҳҳои автомобилгарди кишвар ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муовини сарвазири кишвар зикр намуд, ки новобаста аз мушкилиҳои молиявӣ, зарурати иқтисодиву сиёсӣ водор сохта буд, ки бо мақсади дар тамоми фасли сол пайваст нигоҳ доштани робитаи заминӣ бо минтақаҳои кишвар якчанд нақбҳо ба истифода дода шаванд. Вобаста ба ин, бо ибтикору роҳнамоии бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар тавонист бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар як муҳлати начандон тӯлонӣ 5 нақби роҳи автомобилгардро бо дарозии 18 км, бо маблағи умумии 248,3 миллион доллари ИМА сохта, барои истифода ба сокинони кишвар пешниҳод намояд.

Имрӯзҳо нақш ва аҳамияти иқтисодии нақбҳо ва саҳми онҳо барои роҳҳои автомобилгарди кишвар ба ҳамагон маълум аст. Аммо, ба истифода додани нақбҳо ин интиҳои кор набуда, дар вазъи хуби корӣ нигоҳ доштану ба наслҳои оянда расонидани онҳо бояд аз афзалиятҳои Вазорати нақлиёт ба шумор равад.

Маврид ба зикр аст, ки дар замони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақбҳои автомобилгард умуман вуҷуд надоштанд. Мусаллам аст, ки роҳҳо ба мисли шоҳроҳҳои хунгард барои иқтисодиёт муҳим ва зарур мебошанд. Бо дарки чунин аҳамияти бузурги иқтисодӣ доштани роҳҳо бо дастури Эмомалӣ Раҳмон барои кӯтоҳ намудани масофаи роҳ, сарфаи сӯзишворию қисмҳои эҳтиётӣ ва сабуктар гардонидани заҳмати ронандаҳо роҳу пул ва нақбҳо бунёд гардиданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қариб дар ҳамаи нақбҳо камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд ва яке аз сабабҳои асосии онҳо дуруст ба роҳ намондани нигоҳубину хизматрасониҳо мебошад. Камераҳои мушоҳидавӣ, назорати компютерии вазъи дохили нақб, маҷмааҳои ҳаводиҳӣ бояд дар ҳолати кории доимӣ қарор дошта бошанд. Дар нақбҳои “Хатлон”, “Озодӣ”, “Истиқлол” ва “Шаҳристон” қисме аз фурӯзонакҳову ҳавотозакунакҳо ва қариб, ки ҳамаи дастакҳои сӯхторхомӯшкунӣ ниёз ба иваз кардан доранд. Сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини коршоямии техникаю таҷҳизот ба талабот ҷавобгӯ набуда, мутахассисон ниёз ба бозомӯзӣ доранд.

Илова бар ин, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани дохили нақбҳо бояд сохторҳои хизматрасон бо мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва шустани нақб, мошини махсус (гидрорукав) барои таъмиру иваз намудани фурӯзонакҳо ва ҳаводиҳандаҳои сақфи нақб ва мошин барои таҳвили воситаҳои нақлиётӣ аз дохили нақб муҷаҳҳаз гардонида шаванд. Таъкид карда шуд, ки нақбҳо барои солҳои тӯлонӣ хизмат расонидану интиқоли молу коло ва мусофиркашонӣ пешбинӣ шудаанд ва мо масъул мебошем, ки хизматрасонии онҳоро тавре ба роҳ монем, ки ба дароз гардидани умри онҳо мусоидат намояд.

Дар интиҳо муовини сарвазир бо мақсади бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ба Вазорати нақлиёт вобаста ба масъалаҳои таъсиси муассисаи нигоҳдории нақбҳо, шабакаҳои равшанидиҳии роҳҳо, бозомӯзӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи хизматрасонии нақбҳо, дастрас намудани техникаю таҷҳизоти зарурии нигоҳдории нақбҳо, гузаронидани мониторинги пайвастаи ҳолати техникии нақбҳо, хусусан тағйирёбии таровиши об дар нақби Хатлон, насби камераҳои мушоҳидавӣ ва назорати компютерии дохили нақбҳо мутобиқи талаботи технологӣ дастурҳои мушаххас дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.